Сайри сухан

Китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳо оид ба масъалаҳои таърихию фарҳангӣ ва забоншиносӣ мебошад. Дар он таҳаввулоти таърихии баъзе аносир ва падидаҳои забонӣ таҳлил гардидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 63 саҳифа
чанд нуктаро афзуд. Қаблан таъкид сохтанием, ки «Суғдиён» номида шудани мавзеи мазкур то андозае мавриди таҳаммул аст, зеро дар кулли манобеи ба мо дастраси асримиёнагӣ нисбати қаламрави сукунати қабоили суғдиён топоними «Суғд» мавриди истифода қарор гирифтааст. Чунончи, ҷуғрофидони гарнимояи қарни IX ва ибтидои садаи X Абуйсҳоқи Истахрӣ дар «Мамолик ва масолик»-и хеш ин номро ба гунаи «Суғд» оварда, онро яке аз «аҷубаи ҷаҳон» шуморидааст ва фармудааст, ки «... хуштар ва назаҳтар ... аст ва он хуштар аз Ғӯтаи Димишқ ва рӯди Убулла» (29, с.353).
Дар «Ҳудуд-ул-олам мин ал-машриқ ила-л-мағриб»-и маҳҷулмуаллиф низ павоҳии мазкур ба зайли боло забт гардида, чунин омадааст: «Суғд ноҳиятест, ки андар навоҳии машриқ ҷое нест аз он хуррамтар бо обҳои равону дарахтони бисёр ва ҳавое дуруст ва мардумоне меҳмондору омезанда...» (81, с.107).
Гузашта аз ин, топоними мазкур дар сангнавиштаҳои Ҳаҳоманишӣ, ки онҳо дар омӯзиши таърихи иддае аз вилояти кишварамон сарчашмаи мӯътамади қадими маҳсуб мешаванд, ба шакли «Сугуда» омадааст, ки он агар инкишофи қонунии овозҳо ба эътибор гирифта шавад, бо «Суғд» мувофиқат мекунад: Сотий Дорайаваҳуш хщойасийа. Имо даҳйава тайа мано патийайша ваппо Аҳурамаздоҳа адамшом хщойасийа: ... Порса, Ҳувҷа, Бобирум, Асура... Бохтрин, Сугуда ...(Мегӯяд Дорошоҳ: «Ин кишварҳо, ки ба ман тобеъ шуданд, бо хоҳиши Аҳурамаздо ман ба онҳо шоҳ будам;... Порс, Суза, Бобуул, Сурия... Балх, Суғд). Калимаи ёдшуда дар «Авасто» низ ба гунаҳои «суғда», «суғдҳушайана» (кишвари суғдиён), дар ҷоми «шуугда», аккоди «суугда» дучор меояд.
Маълум аст, ки осори бисёр унсурҳои луғавии ақвоми эрониасл дар топонимияи Аврупои Шарқӣ, назди Баҳрҳои Сиёҳу Азов ва Қрим боқӣ мондаанд. Сарчашмаи номи бисёр дарёҳои ҳавзаи Азову баҳри Сиёҳ, мисли Дон, Донецк, Днепр, Дунай, Днестр аз забонҳои эронӣ буда, решаи онҳо дар «Авасто» ба гунаи «дону» ба маънои «дарё» дучор меояд. Ба ин тариқ, номи шаҳри кунунии Судаки Қрим низ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё