Зеҳн
Сайри сухан

Китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳо оид ба масъалаҳои таърихию фарҳангӣ ва забоншиносӣ мебошад. Дар он таҳаввулоти таърихии баъзе аносир ва падидаҳои забонӣ таҳлил гардидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 63 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

бунёди худро аз калимаи «Суғд» гирифтааст, ки он дар забонҳои қадими эронӣ ба суратҳои «суғдак», «суғда», «сугуда» мустаъмал буд.

Нуктаи дигар ин аст, ки ҳамчун топоним истифода шудани вожаи «Суғдиён», ба эҳтимоли қавӣ, дар сарчашмаҳои асримиёнагӣ дучор намеояд.

Пайдост, ки дар таърихи забони тоҷикӣ се пасванди -он (бо мувозиҳояш) вуҷуд дошт: 1) унсуре, ки аслан аз пасванди «она»-и сифати феълсоз (тарзи миёна) ибтидо гирифтааст; 2) унсури калимасозе, ки он аз пасванди оп / она сарчашма гирифта, мафҳуми «авлод, ворис»-ро мефаҳмонд (Сосониён — авлодӣ Сосон); 3) унсури топонимсози -он, ки маъноашро аз анҷомаи ҳолати (падежи) генитиви қадим (дар шумораи ҷамъ) оном гирифтааст (Сипоҳон, Эрон...).

Тавре ки дида мешавад, шакли «Суғдиён» бо ҳар се мавриди ёдшуда мутобиқ нест.

Муаллифони осори ҷуғрофии асримиёнагӣ ҳангоми чун топоним истифода кардани этнонимҳо онҳоро бо шакли танҳо забт мекарданд. Масалан, муаллифи гумноми «Ҳудуду-л-олам» ҳангоми зикри ҷои сукунати ақвоми мухталифи турк, мисли Тугазгаз (на тугазгазҳо), Хирхиз (қирғиз), Халлух (қарлук), Ҳифҷох (қипчоқ), Пичипоки турк (печенегҳо) ва монандӣ инҳо онҳоро ҳамеша дар шакли танҳо меорад.

Имрӯз дар топонимияи Тоҷикистон, ба хусус саргаҳи Зарафшон агарчи номҳои зиёди ҷуғрофиро бо топоформанти -он (-ун, -ён) дучор меоем (Селодарён, Сайрон, Лӯлиён, Пастун, Тиргарон, Кулолон, Ҷӯйбонон, Вигпун, Капкиён, Мурчиён, Килбозон), вале дар ҳеҷ маврид ба этноним ҳамроҳ шудани онҳо ба мушоҳида намерассад.

Дар гузашта низ унсури топонимсози -он (-ен) асосан ба номи хонадонҳо ҳамроҳ гашта, чунон ки дар боло ишора шуд, маънои «авлод»-ро ифода мекард: Ашкониён, Сосониён, Саффориён, Сомониён, Салҷуқиён, Хоразмшоҳиён, Темуриён, Сафавиён...

Масъалаи дигар — ин ҳудуди паҳнишавии суғдҳо ва
забони эшон аст. Лозим ба таъкид аст, ки дар гузаштаи дур

пешина
аз 63
навбатӣ