Зеҳн
Сайри сухан

Китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳо оид ба масъалаҳои таърихию фарҳангӣ ва забоншиносӣ мебошад. Дар он таҳаввулоти таърихии баъзе аносир ва падидаҳои забонӣ таҳлил гардидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 63 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

водии кунунии Зарафшон, Қашқадарё, қисми Фарғонаву Чоч ҳудуди асосии густариши забони суғдӣ ба шумори мерафт. Муҳимтарин ҳуҷҷатҳои суғдӣ маҳз аз ҳудуди вилояти Ленинобод – Кӯҳи Муғ ба даст омадааст, ки он бо хусусиятҳои луғавӣ, сохтори сарфию наҳвӣ арзиши гаронмояе касб карда, хусусиятҳои услубии хоссаеро шомил буд.

Аз Чилҳуҷраи Уструшана низ (дую ним км дуртар аз Шаҳристон) се ҳуҷҷати муҳими суғдӣ дастрас шудааст, ки сареҳан аз густариши забони суғдӣ дар ин манзеъ шаҳодат медиҳад.

Мавриди истифода қарор доштани бархе аз топонимҳо, амсоли Хуҷанд (Хуканта), Конибодом, Қӯқанд (Хавоканд), Куркат ва монанди инҳо шаҳодати он аст, ки забони суғдӣ осори худро дар таркиби топонимиу микротопонимҳои ин мавзеъҳо боқӣ гузоштааст, зеро ҷузъи кат, -кас, -канд асланд суғдӣ буда, маънои «маҳал, шаҳр»-ро дошт. Муҳаққиқон ҳадс задаанд, ки номи яке аз деҳаҳои ноҳияи Конибодом Қарақчиқум низ аслан суғдӣ буда, он шакли тасҳифшудаи «Каркчаҳ» будааст, ки бо амри таърих минбаъд дучори тағйироти овозӣ гаштааст.

Забони суғдӣ дар ибтидои солшумории милодӣ ба Шарқ, аз Суғд ба Панҷруд ва водиҳои Туркистони Хитой доман паҳн карда, густариши баъдии он мӯҷиби пайдоиши шеваҳои зиёде гардид.

Тавре ки дар боло ёдрас шуд, дар баромади Президенти ҷумҳурӣ Э. Ш. Раҳмонов таъкид гаштааст, ки ба Ӯротеппаи кунунии низ номи қаблии он — Истаравшан дода шавад. Ин пешниҳоди сарвари давлат низ саривақтист. Дар ин ҷо танҳо ба як нукта рӯшанӣ андохтанием, ки каломе аз мувозиҳо: Истаравшан, Усрушана, Ушрусана бояд интихоб карда шавад, зеро маълум аст, ки дар сарчашмаҳои асримиёнагӣ нисбати ин мавзеъ вариантҳои мухталифи айпи як топоним истифода шудааст. Чунончи, ҷуғрофишиноси асримиёнагӣ Абулқосими Ҷайҳонӣ дар «Ашкол-ул-олам» варианти дуюмро мавриди истифода қарор додааст: «Усрушана номи вилоятге аст ва бештари он вилоят кӯҳҳост...».

пешина
аз 63
навбатӣ