Зеҳн
Сайри сухан

Китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳо оид ба масъалаҳои таърихию фарҳангӣ ва забоншиносӣ мебошад. Дар он таҳаввулоти таърихии баъзе аносир ва падидаҳои забонӣ таҳлил гардидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 63 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Ба ин тариқ, агар Абӯисҳоқи Истахрӣ, Муқаддасӣ, Ёқути Ҳамавӣ ин топонимро ба зайли «Ушрусана» забт карда бошанд, пас соҳиби «Ҳудуд-ул-олам» гунаҳои «Сурӯшана» ва «Субрушана»-ро ба кор овардааст: «Сурӯшана ноҳиятест бузург ва ободон ва бо неъмати бисёр ва ӯро шаҳру рустоҳои бисёр... Ҳафтум, Дарёжа, ки андар ҳадди Субрушана аст...» (81, с.110).

Мухталифии шакли топоними мавриди таҳлил, агар аз як ҷиҳат ба хусусияти алифбои арабӣ иртибот дошта бошад, пас, аз ҷониби дигар, он ба саводнокиву эҳтиёткории нусхабардорон алоқаманд аст. Маълум аст, ки забони арабӣ имкони на ҳамаи ҳамсадову садонокҳоро дар алифбои худ инъикос кардан дошт. Дигар ин ки ҳангоми нусхабардориҳои зиёд котибон гоҳо гузоштани нуқтаҳоро фаромӯш мекарданд ё худ ҷои онҳоро иваз менамуданд. Аз ин рӯ, шумори фаровони топонимҳои дар маъхазҳои тоисломӣ дучоршаванда дар давраҳои баъдӣ нофаҳмо шуданд ва боиси тасҳифи номҳои ҷуғрофӣ гаштанд.

Муқоисаи маводи маъхазҳои мутааддил моро водор месозад ҳадс занем, ки дар байни кулли мубозиҳо «Усрушана» саҳеҳ аст. Вале аз анъанароии муаррихи шаҳири тоҷик Б. Ғафуров мусаллам мегардад, ки «Усрушана» низ шакли таҳфифёфтаи «Уструшана» будааст: «Дар бораи номи ин ноҳия (Уструшана — Ҳ.А.) ҳаминро гуфтан лозим аст, ки транскрипсияи хитоии он (Судуйшана ва Сутулисена — Ҳ.А.) аз талаффузи аслии он хеле дур аст. Ҳатто географҳои асримиёнагии арабу форс ҳам номи ноҳияро ҳар яке ба тарзи худ навиштаанд ва ин ҳолат боиси ҳамин шуд, ки даъвоҳои беасосу нодуруст ба миён омад ва баъзе олимони ҳозиразамон иддао карданд, ки «Усрушон» навиштан дурусттар мебошад. Вале ин гуна олимон ба назар нагирифтаанд, ки ҳам дар навишти хитоии ном ҳарфи «т» ҳаст ва дар талаффузи имрӯзаи тоҷикӣ ҳам ноҳия «Истраншан» (Истаравшан) аст, яъне «т» дорад. Ноҳият, ҳуҷҷатҳои қалъаи Муғ ҳам қатъиян исбот карданд, ки дар ибтидои асрҳои миёна вилоят Уструшана ном дошт, вале сони ҳарфи «т» соқит гардид» (19, ҷ.1, с. 386). Ба гумони мо,

пешина
аз 63
навбатӣ