Сайри сухан

Китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳо оид ба масъалаҳои таърихию фарҳангӣ ва забоншиносӣ мебошад. Дар он таҳаввулоти таърихии баъзе аносир ва падидаҳои забонӣ таҳлил гардидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 63 саҳифа
афтиши овози «т» дар топоними ёдшуда бояд ба тақозои осонии талаффӯз сурат гирифта бошад.
Аз андешарониҳои боло хулосаи мо ин аст, ки номи вилоят на Суғдиён, балки Суғд ва унвони Ӯротеппаи кунунии на Истаравшан, балки Уструшана бояд номида шавад.
Сарнавишти вожагон дар «Тоҷикон»
Алҳақ, фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, шукӯҳу шӯҳратгузор ва тақдирсози тоҷикон дар рӯи ҷаҳон Бобоҷон Ғафуров тавассути шоҳасари воломақоми хеш «Тоҷикон» ба рӯи оламиён чунин дарвозаи гулбоғи тамаддуни бостонии мардуми тоҷикро намоиш дод, ки ҳеҷ гуна теғи ваҳшонияти истилогаронро ба боди хазон нарасонд.
Пояафрози миллат Б. Ғафуров аҳли илми башарро на танҳо бо гузаштаи сарзамини ситамдидаи Аҷам ошно намуд ва манзараи ҳаққонии таъриху фарҳанги онро тасвир карда тавонист, балки инчунин ошкор сохт, ки забони тоҷикӣ бо вуҷуди он ҳама гарду ғуборе, ки бо мурури замон ба чеҳрааш нишастааст, дар тӯли садсолаҳои зиёд мақоми фарҳангии худро аз даст надод. Гузашта аз ин, ҷуғрофияи густариши он низ дар ин байни чандон тангтар нашуд.
«Тоҷикон» аз силсилаи осоре ба шумор меояд, ки дар он хонанда баробари бархӯрд бо зикри ташреҳи ҳодисоти гуногуни таърихӣ боз бо масъалаҳои доғи забонҳои орисиву эронӣ, ба хусус забони тоҷикӣ, аз қабили зуҳури орисиҳо, раванди тақсим шудани забони орисӣ ба шоҳаҳои умумиэрониву ҳиндуориёӣ, тақдири таърихии забону хати қадимҳои мухталифи эронинажод дар давраҳои мухталифи таърихӣ, омӯзиши унсурҳои луғавӣ ва қолабҳои грамматикии ин забонҳо, протседураи басо мураккаби омир гаштани забони тоҷикӣ аз болои бархе аз забонҳои шарқиэронӣ чун суғдию хоразмӣ, таҷаллии ҳодисаҳои субстрату суперстрат дар гуфтори мардуми эронинажод, ташаккули забони адабии тоҷикӣ, ки то ҳол низ чанде аз наҳдӯҳои он мавриди баҳс қарор дорад ва даҳҳо проблемаи дигар дучор меояд. Мо дар ин ҷо перомуни ҳамаи масоили забонии ин таълифот таваққуф кардани нестем, зеро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё