Сайри сухан

Китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳо оид ба масъалаҳои таърихию фарҳангӣ ва забоншиносӣ мебошад. Дар он таҳаввулоти таърихии баъзе аносир ва падидаҳои забонӣ таҳлил гардидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 63 саҳифа
мусаллам аст, ки дар доираи як мақолаи хурд ба риштаи таҳлил кашидани ҳамаи масъалаҳои номбурда кӯшиши бефоида аст. Инак ин ҷо диққати хонандаи мӯҳтарамро танҳо ба як масъала – инъикоси таърихи калима, таҳаввулу табаддули шаклу маънои он, ки аз баҳшҳои басо пажӯҳишнадидаи забоншиносии тоҷик ба ҳисоб меравад, ҷалб карданӣ ҳастем.
Равшан аст, ки баҳши этимология — решашиносӣ, ошкорсозии манзараи пайдоиши калима, сайри таърихии он, исбот намудани ҳақиқати илмии табаддулу такомули он аз соҳаҳои аҷибу шавқовар, вале басо душвори илми суханшиносии тоҷик ба шумор рафта, аз муҳаққиқ на танҳо донистани забонҳои гуногуни дунё, балки боз огоҳии эшопро аз ҳолати давраҳои таърихии инкишофи ин ё он забони тадқиқшаванда тақозо мекунад. Мақсади асосии соҳаи мазкурӣ забоншиносӣ аз ғалбери талқиқу таҳқиқ гузаронидани сайри таърихии аносири луғавӣ, маҷрои шаклгирии доираи луғоти забон, шарҳу тавзеҳи шакли бунёдии он, қолабҳои аслӣ ва ҷараёни таърихии тағйирёбӣ ва тарзу роҳҳои ба шаклу маънои имрӯза расида омадани калимаҳо мебошад.
Пӯшида нест, ба ин минвол омӯхтан ва тадқиқ кардани таркиби луғавии забони тоҷикӣ алҳол ба доираи амал падаромадааст.
Қудрату истеъдоди Бобоҷон Ғафуров инчунин дар он намоён мешавад, ки вай дар «Тоҷикон»-и хеш ба инъикоси масъалаи душворе даст задааст, ки то ҳол забоншиносони тоҷик ҷуръати ба он наздик шудан надоранд. Ҳақирии мо дар ин масъала то дараҷаест, ки баъзе муҳаққиқонамон асоси калимаи китобро ибораи «китфи об»-и тоҷикӣ донистаанд.
Дар «Тоҷикон» мо ба шарҳу эзоҳи воҳидҳои луғавии забонҳои гуногун дучор мешавем, ки муаллиф на танҳо барои кушода додани мансубияти забонии ин ё он вожа кӯшиш намудааст, ҳамчунин роҳи мураккабу пурпечухами аз як забон ба забони дигар гузанҷани онҳоро ошкор кардааст. Чунин муносибати муаллифро ҳини нишон додани шакли ориёиву умумиэронии калимаҳои шоҳ (19, ҷ. 1, с. 44).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё