Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
ҷустуҷӯи донишҳо ва навовариҳо буда, барои ба мақсад расидан талош дошта, хоҳиш ва ҳавасмандии қавии дохиларо доро буда, доимо дар омӯзиш мебошад. Аз дигар тараф қобилияти баланди ҳамкорӣ кардан ва муомилаи хуб ба атрофиён аҳамияти назаррас дорад.
Дар навбати худ ташкилот вазифадор мебошад, ки ҳиссаи худро дар равандҳои зерини инкишофи шахсиятҳо гузорад:
- Ҷустуҷӯ ва ёфта гирифтани қобилият.
- Мақсадгузорӣ, омӯзиш ва мубодилаи ахбор.
- Ҳавасмандкунӣ ва мукофот ва қадрдонии хизмати кормандони қобилиятнок.
- Маблағгузории омӯзиш ва инкишофи қобилият.
Роҳи дигари инкишофи қобилияти ташкилии кормандон ташкили муҳити озоди вазифадорӣ ва масъулиятнокии ҳар як корманд аст. Роҳбарон доимо ҳаракати онро дошта бошанд, ки ба ҳар як корманд ва шахсони вазифадори худ имкони васеи фаъолиятро диҳанд. Агар мо як чорчӯбаеро барои корманд муайян намоем, он гоҳ онҳо наметавонанд, ки қобилияти дохилан худро истифода намоянд. Аз тарафи дигар хислати одамӣ низ чунин аст, ки аксар маврид қобилияти одамонро пурра баҳо дода наметавонем. Машғулиятҳои таълимӣ имкон медиҳад, ки қобилияти идорӣ ва ҳунармандию кордонӣ муайян ва баҳо дода шаванд. Бинобар ин, қобилиятро дар ҷараёни омӯзиш низ баланд бардоштан мумкин мебошад.
Ҳангоми дар ташкилот пайдо шудани вазифаи нав номзадро дар навбати аввал аз худи ташкилот ҷустуҷӯ намоед. Диққати асосиро ба кордонӣ, қобилият, хоҳишу ҳавасмандии корманд ба вазифаи пешниҳодшуда равона сохта, хислатҳои зерини шахсият бояд баҳо дода шавад:
- Нишонаҳои пешвой.
- Ҳавасмандӣ ба шуғл.
- Дилёб ва кушодарӯй будан.
- Қобилияти ташкилотчигӣ.
- Қувваи ҷисмонӣ ва рӯҳӣ.
- Муомилаи кушод ва хуш.
- Қобилияти дар гурӯҳ ё худ бо даста кор карданро доштан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё