Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
омилҳое, ки ба ташкили кор дар ташкилот ва омилҳои гурӯҳи дуюм, ки бевосита ба худи кормандон вобаста мебошад.
Мақсади асосии менеҷмент оид баҳодиҳии фаъолияти кормандон чунин мебошад:
❖ муайян кардани критерияҳои асосии фаъолиятҳои алоҳида барои
ҳисоб кардани ҳосилнокии меҳнат;
❖ ҳисоби аниқи ҳосилнокии меҳнати гузашта;
❖ асосноккунии ҳақмузд, мукофот, ордену медално барои шахсони
алоҳида ва гурӯҳҳои корӣ;
❖ муайян кардани қобилиятҳои ҳосилнокии баланди меҳнатӣ ва
ҳосилнокии меҳнати паст;
❖ муайян кардани малакаи дониши корманд, ки оё метавонад дар
оянда самаранокии кори худро баланд барорад;
❖ барои мақсадгузорӣ ва нишонагирӣ ба натиҷаҳои баланди меҳнатӣ.
Шаш намуди мақсадҳои хурде, ки дар боло номбар шуданд, асосан барои ду мақсади стратегии менеҷмент истифода карда мешавад, яъне баҳодиҳии ҳосилнокии меҳнат ва алоқаи баръакси кормандон мебошад.
Аз дигар тараф баҳодиҳӣ ҷараёни фаъолияти кормандонро ба танзим медарорад. Чунин як усул қабули қарори идоракуниро осон намуда, воқеияти иҷроиши онро таъмин месозад. Ин пеш аз ҳама бо қарорҳои оид банақшагирӣ, омӯзишӣ ва инкишофи кадрҳо дар ташкилот мебошад.
Қарори баҳодиҳӣ - ин қарор бештар ба масоили музди меҳнат, ба вазифаи дигар гузаронидан, шартномаи меҳнатӣ бастан, ба ордену медаЛ пешниҳод кардан мебошад. Вақте ки қарори баҳодиҳӣ дар асоси ҳосилнокии меҳнат, на аз рӯи синну сол, ё хурду калон будани вазифа, балки аз рӯи қобилияти кордонӣ тартиб дода мешавад, бояд система, Ё худ стандартҳои баҳодиҳиро менеҷменти корхона муайян созад, то ба ноадолатӣ роҳ дода нашавад.
Инчунин дар вақти интихоби кормандон ба ин, Ё он вазифаи роҳбарӣ ба
инобат гирифтани стандартҳо моҳияти калон доранд. Дар баробари таҳлил
маълумотнокӣ, тахассус ва таҷрибан корӣ, стандартҳои ҳосилнокии меҳнат

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё