Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Бинобар мушкил будани кори ташкили мураббигӣ, ин ҷараён боз серфосила бошад ва зина ба зина пеш равад. Гардиши шаш омили пайдарпай, ки дар боло қайд кардем, пешравиро таъмин месозад.

Бинобар ин, дар охири давра (сикл) комёбиҳо қайд карда мешаванд,
камбудиҳо муҳокима карда шуда, роҳҳои бартараф намудани онҳоро омӯхта,
давраи нави мақсадгузорӣ шурӯъ менамоянд.

Мураббии хуб диққати шогирдонро ба он равона месозад, ки хатоҳои худро муайян намуда, онҳоро худашон ислоҳ намоянд ва кӯмак расонанд, аз усули мувофиқи иҷрои мақсад истифода карда шавад. Усули мураббигиро истифода карда, ба шогирдон имкон диҳед, ки усулҳои самараноки иҷрои корро аз худ намуда, фикру ақидаи худро озод гуфта тавонанд.

Дар ёд дошта бошед, ки агар дастаи Шумо қобилияти хубу фаъол дошта бошад, онҳо тайёранд, ки вазифаҳои нави мураккабро иҷро намоянд.

Мураббии хуб дар шогирдон қобилияти фикрронӣ ва қабули ақидаи навро тарбия менамояд ва бо ин роҳ ҳар як корманд бояд мустақилона фикр карда ва хулосабарориро ёд гирад.

Зарурияти дигари ташкили кори мураббигӣ дар он мебошад, ки менеҷер вақти худро сарф карда, самаранокии кори кормандро баланд бардорад, масъулиятнокии ҳар як корманд афзуда, қисме аз вазифаҳои худро ба сӯи он вобаста намояд.

Аз тарафи дигар маблағгузории кӯтоҳмуддати мураббигӣ дар ташкили кор самаранокии дуру дарозро таъмин месозад.

Менеҷероне, ки чунин як усулро истифода менамоянд, ба шогирдон имконият медиҳанд, ки масъулиятро ҳис намуда, ба худ боварӣ ҳосил намоянд, инчунин дар байни якдигар аз рӯи қоидаи боварӣ муносибат карда, қисме аз ҳуқуқу аз вазифаҳои роҳбарии худро тақсим намуда, раванди ҳамвори ҳукмрониро таъмин намоянд.

Вақте ки Шумо ба шогирдону кормандони худ бовар мекунед, мумкин назоратро кам карда, диққати асосиро ба масоили инкишофи стратегии ташкилот дода, мақсадҳои дарозмуддатро пеш гузошта, масъалагузорӣ менамоед.

Барои муқоиса ҳолати баръаксро дида баромадан мумкин аст, ки то чӣ
андоза таъсири манфӣ мерасонад. Яъне, вақте ки Шумо ба корманди худ боварӣ

пешина
аз 522
навбатӣ