Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

мекунед. вазнинии корро ба дӯши худ гирифта, вақтатон барои ҳалли он тарафдор намекунад ва дар натиҷа норозигии байни кормандон афзуда, ҳавасмандии онҳо паст мегардад.

Аз ин сабаб хуб мебуд, ки бо роҳи ташкили кори мураббигӣ дар даста тарафҳои боқувват ва сусти фаъолияти кормандонро омӯхта, онҳоро муҳокима намуда кӯшиш намоед, ки диққати тарафҳои пуркуввати дастаро барои ҳалли масъалаҳои наву навовариҳо равона созед. Дар ин ҳолат дар баробари боварӣ ва эҳтироми дар корманд, инчунин худбаҳодиҳӣ пайдо гардида, ҳар як корманд бо мақсади камбудиашро ислоҳ намуда, барои иҷрои мақсадҳои ташкилот кӯшиш мекунад, ки ин самаранокии фаъолияти кори дастаро баланд мебардорад. Агар дар даста қувваҳои бузурги ақлонӣ муттаҳид гарданд, ин манбаи муваффақият мебошад ва ҳар як аъзои он аз натиҷааш қаноатманд мегарданд.

Моҳияти дигари ташкили кори мураббигӣ дар он аст, ки он доимо ба мақсадҳои равона карда шудааст. Бинобар ин, ҳар як аъзои даста инкишоф ёфта, қобилияти касбии худро сайқал медиҳад. Аз ин хотир ҳар як корманд, ҳатто ки кордону мустақил мегардад, боқуввату богайрат гардида, мураббӣ боз болотар андеша карда, муҳити эҷодию навовариро пайдо мекунанд.

Ҳар як роҳбар ба ташкили кори мураббигӣ ҳамчун қисми асосии фаъолияти менеҷер баҳо дода метавонад, ки инкишофи кордонии касбии кормандони худро таъмин намояд. Дар ин марҳила вазифаи менеҷер пеш аз ҳама аз он иборат аст, ки усули тарзи ташкили кори мураббигиро чунон ба миён гузорад, ки ҳар як корманд дар он хоҳиши иштирок карданро дошта бошад.
Яъне корҳои тайёрию фаҳмондадиҳӣ, ташфиқоту тарғибот, гузаронидани шабҳои эҷодӣ, ташкили мизи мудаввар, конфронс ва семинарҳои касбию проблемавии гурӯҳӣ дар байни кормандон, оҳиста — оҳиста даъват намудани кормандон дар ҷараёни қабули қарорҳои идоракунӣ ва мақсадгузорӣ, хеле самараи хуб медиҳад.
Дар натиҷа кормандон лозим будани меҳнату фикрҳои онҳоро барои ташкилот пурра шуморида, ҳавасманд мегарданд. Ҳолати дигар ин аст, ки чун корманд дар ҷараёни қабули қарор иштирок мекунад, мекушад, ки боз мақсадҳои баландтар гузораду вазифагузории нав намояд, то дигарон дарк намоянд, ки ӯ чигуна донишу қобилият дорад. Дар натиҷа ӯ боварӣ ҳосил менамояд, ки

пешина
аз 522
навбатӣ