Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

вазниниеро ҳис мекунед ва асабонӣ мешаваед. Аз дигар тараф, агар иҷрои корҳо пайдарпай бошанд аз иҷрои бомуваффақиятонаи онҳо ҳаловат бурда, барои иҷрои вазифаи ояндаатон рӯҳу қувваи нав мегиред.

  1. Хатогии сеюм истифодаи нодурусти вақт, ин хоҳиши ҳама корро якбора иҷро кардан, ки ин ҳам албатта аз нигоҳи санъати кордонии менеҷмент нодуруст буда, ба асабонӣ ва ноӯҳдабароии роҳбар асос мегардад.

Аксар роҳбарон одат кардаанд, ки дар болои мизи кории худ ҳуҷҷатҳои зиёдеро мегузоранд ва мавриди ба ҳар яке аз он папқаҳо назар кардан, фикрашон аз як масъала ба масъалаи дигар гузашта, чӣ кор карданаро намедонад.

Бинобар ин, дар болои мизи кории роҳбар бояд ҳуҷҷатҳое бошанд, ки ба масъалаҳои ҳамрӯза тааллуқ доранд. Хуб мешуд, агар масъалаҳоро дар календари корӣ қайд мекардед ва дар ҷои намоён монда, пайдарпайии иҷрои онҳоро назорат мекардед.

  1. Хатогии чорум ҳаракат бар он, ки ҳама корро бояд худатон иҷро намоед. Шумо вақти зиёд ва қувваи зиёди худатонро сарф намуда, кореро иҷро менамоед, ки ёрдамчӣ ё ноиби шумо аз уҳдаи он мебарояд ва корҳои асосии муҳиме, ки онро фақат Шумо бояд ҳал намоед, яктарафа мемонанд. Дар натиҷа аз уҳдаи идоракунии ташкилот ё худ аз уҳдаи иҷрои вазифаи худ баромада наметавонеду Шуморо бо сабаби ноӯҳдабароӣ аз вазифа сабукдӯш менамоянд.

Роҳбарӣ - ин фаъолиятест, ки роҳбар набояд ҳама корро худаш иҷро намояд, балки корро ба нақша гирифта, ташкили иҷрои онро таъмин созад ва қувваҳоро мувофиқа карда, дигаронро кор фармуда, дар асоси он вазифаҳои муҳимро иҷро намояд.

Вазифаи муқаддаси роҳбар он аст, ки чунин ташкили корро амалӣ гардонад, ки ҳама самаранок меҳнат карда, ҷараён ва натиҷаи онро назорат ва хулосабарорӣ намояд. Яъне роҳбар барои он маош мегирад, ки қувваи ахлоқӣ ва ҷисмонии дигаронро истифода карда кор мефармояд, на барои он ки худаш ба ҷои онҳо кор мекунад.

  1. Хатогии панҷум, ин номаълумии тақсимоти вазифа ва ӯҳдадории кормандони даста. Яъне ҳуқуқу вазифаҳои кормандон аниқ набуда, тартибу интизоми корӣ дар ташкилот дида намешавад, ё ин ки вазифаҳо такрор шуда, бесарусомонӣ ҳукмронӣ ва вазифадориро ба миён оварда, ба муҳити несолими корӣ оварда мерасонад.

Ҳуқуқу вазифаҳо ва масъулиятнокии ҳар як корманд, дар асоси дастурамалҳо ва низомномаҳо бояд пурра аниқ карда шавад, то ҳар яке самаранокии истифодаи қобилияти зеҳнӣ ва қобилиятнокии кормандонро таъмин карда тавонад.

  1. Хатогии шашум камбудии худро ба дигар кормандон бор кардан аст.
    Афсӯс, ки аксар роҳбарон чунин хислат доранд, ки камбудии худро ба дигарон бор мекунанд. Аксар маврид ба ҷои он, ки гунаҳгорро кобем, хуб мебуд масаларо ҳаматарафа таҳлил намуда, роҳи ҳалли онро пешниҳод намоем.

  2. Хатогии ҳафтум бенизомӣ дар масоили ташкил ва банақшагирии вақти кории фардии роҳбар аст. Ин хатогӣ қариб дар фаъолияти аксари роҳбарони давраи Шӯравӣ ва давраи гузариш рост меояд:

Роҳбарон аксар шикоят доранд, ки солҳои охир қоғазбозӣ чунон зиёд гирифтааст, ки фақат имзои онҳо 35-40% вақти роҳбарро мегирад.

Аз нигоҳи санъати менеҷмент усулҳои кам кардани ин хатоҳо чунинанд:

  1. Пурра механикунонии ҷараёни роҳбарӣ ва баҳисобгирии он бо истифода аз барномасозии махсус дар компьютер.

  2. Ба раванди пурраи «боварӣ» гузашта, қисме аз ҳуҷҷатҳоро ба ноибон вогузоштан зарур мебошад.

  3. Даст кашидан аз ҳар гуна ҳисоботҳо ва қоғазпуркунии нолозима, яъне ба роҳ мондани технологияи навтарин, ахбор ва коргузорӣ, даст кашидан аз усулҳои кӯҳнаи ҳуҷҷатгузорӣ, таъмини низоми дурусти коргузорӣ ва баландбардории масъулият дар ҳар як зинаи фаъолияти менеҷмент.

Қисме аз роҳбарон дар он андеша мебошанд, ки гӯё самаранокии вақти фардии онҳоро таъмин намудан хеле мушкил буда, банизомдоринии он ғайриимкон мебошад. Мо сабабҳои асосии аз даст додани вақтро таҳлил карда, онро чунин муайян сохтем:

❖ мақсади аниқ надоштан ва номуайянӣ дар пайдарпайии иҷрои кор;
❖ доимо хоҳиши якбора кори зиёдеро анҷом додан ва маълумот доир
ба корҳои оянда надоштан;

пешина
аз 522
навбатӣ