Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

мавҷуд набудани банақшагирии рӯзи корӣ ва бенизомӣ дар дафтари корӣ; диққатро ба қоғазбозӣ дода, аз фикрронии озод дур мондан номукаммалии таъминоти ахбории менеҷмент; нокифоягии тақсимоти меҳнат ва кооперация; диққати ҷиддӣ надодан ба дониши касбии роҳбарӣ, дур мондан аз навовариҳо ва эҷодкориҳо дар кори роҳбарӣ; сӯҳбати дурударози телефонӣ ва қабули мизоҷони ғайринақшавӣ; устувор набудан дар сухан, дар фаъолият ва умуман дар кори роҳбарӣ; дурудароз маҷлисҳои нолозим ва вохӯриҳо гузаронидан; сӯҳбатҳои ғайрикорӣ ва дур мондан аз масоили кории ташкилот; аз ҳад зиёд ваъда дода, не гуфтанро надонистани роҳбарон; саросемакорӣ, беҳад кунҷковӣ кардан доираи ҳар як масоили хурди ташкилот ва дур мондан аз ҳалли масоили асосии ташкилот ва ғайра.

Барои он ки мо ба хатогиҳои дар боло гуфташуда роҳ надиҳем, бояд мафҳуми идоракунӣ ва роҳбариро фарқ намоем. Яъне, агар идоракунӣ ин дурусти кор бошад, роҳбарӣ кори дурустро кардан аст.

Агар идоракунӣ самаранокии баромадан дар зинапояҳо бошад, роҳбарӣ «зина дар девори лозима монда шудааст, ё не»-ро дар назар дорад.

Аксар маврид роҳбарон ва коллектив чунон ба кор машғул мешаванд, ки ҳатто ба дигар тараф рафташонро нафаҳмида, аз мақсади асосӣ дур мегарданд.
Маҳз вазифаи роҳбар аз он иборат аст, ки ба роҳи дурусти самаранок рафтани коллективро таъмин карда тавонад. Характери одам чунин аст, ки мо аксар маврид компас талаб мекунем, ба ҷои он ки харитаи роҳро талаб намоем, яъне самаранокии вақтро аз даст дода, хароҷотҳои зиёдеро карда, ба мақсад дер мерасем, ё ин ки намерасем.

Дар ҳар ҳолат натиҷагирии мо ба он вобастааст, ки то чӣ андоза мо қобилияти қабули қарори саривақтиро дорем, ҳарчанд натиҷа аз он иборат аст, ки ҳар як фард то чӣ андоза самаранок меҳнат менамоянд.

Фаромӯш набояд кард, ки бозори истеҳсоли молҳо ва маҳсулотҳои хӯрокӣ
ва хизматҳо суръати тезро соҳиб гашта, дар 3-5 сол кӯҳна мешаванд ва

пешина
аз 522
навбатӣ