Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
вақти худро дуруст истифода карда тавонистан ба ҳар як шахс Худо имконот додааст.
Ташкили системавии истифодаи вақти хеш барои ҳар як роҳбар, соҳибкор, муҳочирдор ва шахсони алоҳида шарти зарурӣ мебошад, яъне ҷудо карда тавонистани вақт барои корҳои асосӣ ва дуюмдараҷа, инчунин самаранокии истифодаи онро мо бояд биомӯзем ва дар амалия истифода барем.
Яке аз шаклҳои системабандӣ махсусан, барои роҳбарон ин банақшагирӣ мебошад. То вақте, ки роҳбар нақшаи истифодаи вақти худро пурра аниқ намесозад, аз куҷо ва чӣ тавр шурӯъ кардани кор ва ба мақсад расиданро намедонад.
Дар ҳаёти соҳибкорӣ асосан нақшаҳои дарозмуддат, ё худ мақсадҳои глобалии бисёрсола, мақсадҳои миёнамӯҳлат ва ҷорӣ мақоми хос доранд.
Банақшагирии вақти инфиродӣ низ давраҳои тайёрӣ, омӯзиш ва қабули худро доранд, яъне омӯзиш ва таҳлили пешакии ҳолатҳое, ки роҳбар дар он кор мекунад. Ҳар қадар мо вақти худро дуруст тақсим намоем, ҳамон қадар мо метавонем ӯро бо мақсади хеш самараноктар истифода намоем. Банақшагирии рӯрӯзаи вақти корӣ ба мақсадҳои дарозмуддат, ё стратегии худ расидан мебошад.
Дар таҷрибаи роҳбарон тартиб додани реҷаи истифодаи вақти рӯз, ҳафта ё моҳ ё худ рӯзи муайяни ҳафта вуҷуд дорад. Чунин тартибот на фақат истифодаи вақт, балки низом ва раванди фаъолияти роҳбарро таъмин сохта, обрӯ ва эътибори ӯро дар назди коллектив ва мардум баланд мебардорад.
Масалан, доимо соати муайяни қабули мизоҷон доштани роҳбар ва риояи он аз ин рафторҳо мебошад. Ё ин ки рӯзи муайяни гузаронидани машварат дар ҳафта ё моҳ ва риояи он низ хислати хуби роҳбарӣ мебошад.
Агар роҳбаре, ки ташкилоти калонро идора менамояд, ҳар рӯз намуди муайяни фаъолиятро ба нақша гирад, беҳтар мебуд. Мисол:
рӯзи душанбе оид ба фурӯши мол; > рӯзи сешанбе оид ба таъминот; > рӯзи чоршанбе оид ба истеҳсолот; > рӯзи панҷшанбе оид ба сифати мол; > рӯзи ҷумъа оид ба бозори мол;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё