Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

рӯзи шанбе оид ба корҳои хоҷаӣ ва кадрҳо.

Агар роҳбаре, ки хоҳад вақти худро ҷиддӣ ба низом дароварад, бояд тартиботи зеринро риоя намояд:
❖ таҳлили буҷаи вақти корӣ; ❖ тартиб додани нақшаи корҳо; ❖ муайян кардани хароҷоти вақт барои ҳар як кор; ❖ муқоисаи вақт ва имконоти васеи иҷрои корҳо; ❖ истифодаи иқтидори зеҳнии дигар кормандон; ❖ тартиб додани номгӯи солонаи корҳо ва мақсадҳо; ❖ тартиб додани нақшаи фаъолият барои моҳ ва ҳафта.

Бояд қайд кард, ки дар нақшаи рӯзона, моҳона ва солонаи роҳбар барои ташаккул ва баландбардории ихтисос ҳатман вақт ҷудо карда шавад. Мисол, барои мардуми Ҷопон барои ин мақсад ҳафтае 8 то 10 соат вақт ҷудо карда мешавад.

Барои назорат ва иҷрои саривақтии корҳо роҳбарон бояд аз воситаҳои хотиротӣ ва қайдкунӣ истифода намоянд. Ин воситаҳо чунин мебошанд:

  1. Компютери фардӣ.
  2. Календари саҳифагардонии рӯимизӣ.
  3. Китоби қайди шахсӣ.
  4. Телефони дастӣ бо қайди вохӯриҳо ва хабари огозу анҷоми вақт.

Бояд қайд кард, ки ҳар як роҳбар, ҳар рӯз баъди анҷоми рӯзи корӣ бояд таҳлил намояд, ки корҳо ва вазифаҳое, ки ба нақша гирифта буд, иҷро намудааст, ё не. Агар иҷро нашуда бошад ва ин аз худи ӯ вобаста бошад, рӯзи оянда барвақттар ба кор рафта, ҳатман то саршавии рӯзи кории нав онро ба анҷом расонад. Чунки агар ҳар рӯз коре иҷро нашуда истад, дар давоми ҳафта, моҳ ва сол аллакай ба миқдоре мерасад, ки Шумо аз ӯҳдааш баромада наметавонед.

Дар ҳаёт ҳолатҳое вомехӯранд, ки новобаста аз хоҳиш ва кӯшиши роҳбар барои иҷрои корҳои банақшагирифташуда халал мерасонанд ё бо сабабҳои дигар иҷро намешаванд. Бинобар ин, корҳоро вобаста аз зарурият ва моҳияташон ба 3 гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст.

пешина
аз 522
навбатӣ