Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

1.: Гурӯҳи корҳои А — корҳое, ки ба иҷроиши онҳо бояд касе халал нарасонад.

2.: Гурӯҳи корҳои Б — корҳое, ки дар дигар вақт ҳам иҷро кардан мумкин аст.

3.: Гурӯҳи корҳои В — корҳое, ки ба дигар шахсон вогузор кардан мумкин аст.

Дар ҳолате, ки роҳбар корҳоро ба чунин гурӯҳҳо тақсим мекунад, метавонад ки вақти худро самаранок истифода барад. Махсусан барои иҷрои корҳои гурӯҳи А бояд ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз халал нарасонида, яъне онҳо ҳатман иҷро шаванд. Маҳз раванднокии роҳбар дар он зоҳир мегардад, ки қобилияте дошта бошад ва нагузорад, ки қувваҳои беруна ва дигарон ба ӯ халал расонанд, то ин ки вақти ӯро бигиранд.

Аксар мутахассисон дар чунин ақида мебошанд, ки ба ҳисоби миёна то 6 соат ва аниқу ҳатмӣ 3 то 4 соат дар як шабонарӯз бояд ба нақша гиранд.

Барои роҳбарони ташкилотҳои калон, ки вақти зиёдашонро имзои ҳуҷҷатҳо ва сӯҳбатҳои телефонӣ мегирад, хуб мебуд хизмати ёвар истифода карда шавад, яъне ҳуҷҷатҳоро тамоми рӯзи корӣ ёрдамчӣ, ё котиб ҷамъ ва ба низом оварда дар охири рӯзи корӣ ба болои мизи кории роҳбар гузорад. Роҳбар пагоҳӣ то як соат пеш аз саршавии вақти корӣ онҳоро пурра аз назар гузаронида имзо менамояд. Сӯҳбати телефониро котибот метавонад дар вақти холӣ будани роҳбар ташкил намояд. Барои ин котибот бояд аз муштарӣ ному насаб ва бо кадом масъала муроҷиат карданашонро бипурсанд. Шояд мизоҷон оид ба масъалае пурсон шаванд, ки ба дигар менеҷерон тааллуқ дошта бошад.
Дар ин ҳолат котибот метавонад, ки ба муштарӣ менеҷери заруриро пайваст намояд. Ё худ агар ягон хабар бошад, котибот метавонад дар шакли телефонограмма қабул намуда, ба роҳбар пешниҳод намояд.

Баъд аз имзои ҳуҷҷатҳо, ба хондани почтаи электронии хеш ва ахбори навин аз тариқи «интернет» машғул гардед, ки ин низ тахминан то як соат вақтро мегирад.

Баъди ҳар як 2 соати корӣ хуб мебуд то 10 дақиқа истироҳат намоед,
яъне ба ҳавои тоза бароед ё мусиқӣ гӯш кунед то асабатон каме дам гирад.
Аслан барои аксари роҳбарони идоравӣ истифодаи вақти корӣ ва корҳо бояд ба

пешина
аз 522
навбатӣ