Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

2 қисм, яъне то нисфирӯзӣ ва баъдинисфирӯзӣ тақсим карда шавад. Дар нимаи аввали рӯз, аслан ба ҳуҷҷатҳо ва корҳои меъёрию ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва ахборӣ сару кор дошта, дар нимаи дуюм ба корҳо ва ҳуҷҷатҳои ҷамъбастӣ ва натиҷавӣ, бурду бохт, таҳлили рӯз ва вазифаҳо барои рӯзи оянда машғул шавед.
Мутахассисон доимо таъкид месозанд, ки шиддатнокии кори роҳбарӣ бояд муътадил бошад. Яъне роҳбар ҳеҷ гоҳ саросема, ҳамакора ва аз меъёр зиёд (10- 12-15 соат) кор накунад.

Барои ин бояд дар ташкилот як системаи дурусти маъмурию ташкилиеро ҷорӣ намояд, ки ҳар як корманд ҳуқуқу вазифа ва кори худро донад ва ҳуҷҷатҳо, корҳо сарчашма, роҳ ва иҷрокунандаи худро дурусту аниқ дошта дар ягон нуқта монеагӣ бояд набушад. Дар натиҷа роҳбар низ муътадил метавонад кор кунад. Аксар маврид дар ташкилотҳо чунин ҳодисаҳоро дидан мумкин аст, ки роҳбар мехоҳад ҳамаи корҳоро худаш иҷро намояд. Дар натиҷа то 12-15 соат дар кабинет нишаста, аз ӯҳдаи иҷрои он намебарояд ва доимо саросема буда, ягон корро дуруст ҳал ненамоянд. Дар ҳолати дар ташкилот набудан, дар сафар ё худ бемор будани ӯ касе аз ӯҳдаи кор набаромада, ташкилот аз фаъолият боз мемонад. Албатта, чунин рафтори роҳбар ба талабот ҷавобгӯ набуда, самаранокии кори роҳбариро хеле паст менамоянд. Ташкили роҳбарӣ бояд чунин бошад, ки раванди «Боварӣ»-ро дар ҳама звеноҳо ва то шахсони алоҳидаи коллектив таъмин созанд.

Реҷаи кор ва нақшаи ҳафтаи роҳбарӣ амалиёти зерини хосро дорад, ки дар охири ҳафта ҳар як роҳбар бояд донад:

  1. Таҳлили ҳолати молиявии ташкилот; 2. Таҳлили иҷрои нақшаи корӣ ва реҷаи иҷрои нақшаи кории ҳар як шӯъба ё қисмҳои ташкилот; 3. Бевосита дидан кардан аз сехҳо, шӯъбаҳо ва ҷои кории коргарон, шароити кор ва дамгирии ҳар як корманд.
  2. Қабули кормандон бо саволҳои фардӣ.
  3. Қабули мизоҷон ва дигар шахсони беруна.
  4. Таҳлили ҳуҷҷатҳои сметавию лоиҳавӣ.
  5. Ворид намудани тағйироту иловаҳо вобаста аз ҳолатҳои пайдогашта.
  6. Масъалагузорӣ ва вазифагузорӣ барои ҳафтаи нав.
пешина
аз 522
навбатӣ