Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Роҳбар чунин фаъолиятҳоро иҷро намуда метавонад, ки камбудиҳо ва хатогиҳоро саривақт аниқ сохта, камбудиҳоро ислоҳ намояд ва барои ҳафтаи оянда корро боз дуруст ба роҳ монад.
Нақшаи моҳонаи роҳбарӣ низ аз ҷамъбасти нақшаҳои ҳафта иборат буда, баъзе хусусиятҳои хоси худро дорад:
- Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти ташкилот, фоида, ё зарарро муайян намудан.
- Муайян намудани натиҷаи фаъолияти ҳар як шӯъба, сех, бригада ва корманди алоҳида оид ба бурду бохти ташкилот.
- Таҳлили имкониятҳо ва мавқеи ташкилот дар бозори мол ва нуқсонҳо.
- Роҳҳои бартараф намудани камбудиҳо, тағйироти ташкиливу маъмурӣ ва молиявӣ.
- Аниқсозӣ ва вазифагузорӣ дар нақшаи моҳи оянда.
Чунин фаъолиятро ҳар як шӯъбаи ташкилот ҷамъбаст намуда, рӯзҳои 30-31-уми моҳ бояд ба роҳбар пешниҳод намоянд. Роҳбар бояд фикру хулосаи худро бароварда ба мутахассисон муҳокима карда, маҷлиси моҳона гузаронида вазифагузорӣ ва мақсадгузориро барои моҳи оянда муқаррар созад.
Таҳлилҳо ва фикру ақидаи олимон нишон медиҳанд, ки соҳибкорӣ ва фаъолияти роҳбарӣ дар 5-солаи наздик чунон тағйир меёбад, ки ба 50 соли асри гузашта баробар мебошад. Дар ҳақиқат, агар солҳои 70-80-уми асри гузашта дар таърихи соҳибкорӣ ҳамчун солҳои беҳтаршавии сифати молҳо боқӣ монда бошад, пас солҳои 90-ум ҳамчун инкишофи босубботи соҳибкорӣ ва даҳсолаҳои асри нав ҳамчун солҳои «сурҳат» боқӣ мемонад. Бинобар ин, роҳбарони ташкилотҳо, менеҷерон маҷбуранд вақти худро хеле ва хеле самаранок ва боақлона истифода бубаранд, то аз қоидаи асосии инкишоф қафо намонда бозорро аз даст надиҳанд. Маҳз дар ҳамин ҳолат нақшаҳои солонаи истифодаи вақти роҳбарӣ мақоми арзанда дошта, бояд пурра ва ҳаматарафа ба моликияти зеҳнии касбӣ асоснок карда шаванд, чунки ҳар 1 соли асри навин монанди 10 соли пешин тағйиротҳо дорад, яъне:
характери бизнес;
масоили идоракунии оҷилӣ;
тағйирёбии тарз ва арзишҳои зиндагии истеъмолкунанда;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё