Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Моҳияти дигари «Системаи асаби электронӣ» дар он аст, ки бо роҳи иштироки васеи менеҷерон дар маҷлису ҷамъомадҳо муҳокимаи масъалаҳои асосиро пайдо сохта, барои қабули қарори идоракунии дуруст фикру андешаҳои зиёде пайдо мегардад.
Маҳз гузаронидани маҷлису машваратҳо, ки то 15-20% вақти роҳбарон мегирад, агар дар асоси ахбори «Системаи асаби электронӣ» гузаронида шавад, самаранок буда, ба ҷои маводи ахборӣ будан аллакай шакли маводи мураттаб гирифта, натиҷаи мусбӣ медиҳад.
Самаранок мебуд, агар ҳар як иштироккунандаи ҷамъомад дар терминали электронӣ оид ба масъалаи ҷамъомад ахбор дошта бошад ва пешакӣ ба терминалҳои электронии котибот равона созад. Дар натиҷа, то саршавии ҷамъомад котиботи кулл метавонад, ки онҳоро коркард намуда, фикрҳои хубро ҷудо карда гирад, ахборҳоро асоснок намуда, барои муҳокима ва тасдиқ ба маҷлис ё худ ҷамъомад пешниҳод намояд. Воситаҳои электронӣ имкон медиҳанд, ки ин маълумотҳо саривақт пешниҳод ва самаранок истифода карда шаванд. Чунончи Алфред Слоун қайд менамояд: «Бе далелҳо стратегияи дурустро коркард намудан ғайриимкон мебошад». Фақат дар асоси ахбори дуруст стратегияи дурусти корхона коркард карда баромада мешавад. Аз дигар тараф, маҳз «Системаи асаби электронӣ» — васоити навтарини технологияи самараноки истифода барои вақти роҳбарият мебошад.
34.5. Ба дигарон бовар намудани ҳуқуқу ӯҳдадориҳо
ва вазифаи роҳбарӣ
Самаранокии кори ҳар як роҳбар дар баробари меҳнати самараноки ӯ, инчунин ба он вобаста мебошад, ки кормандони дастаи ӯ чӣ хел вақти кории худро истифода мекунанд.
Барои назорати иҷрои кори дигарон яке аз усулҳои санъати менеҷмент ин додани ҳуқуқу ӯҳдадорӣ ва вазифадор намудани кормандон мебошад. Инчунин додани озодӣ ба корманд барои қабули қарори идорӣ, дар доираи фаъолияте, ки худи ӯ менамояд. Чунин як стратегияи идорӣ ду тараф дорад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё