Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Норманд озодона қарор қабул намуда, тамоми кӯшишу қобилияти худро барои бовиҷдона иҷро намудани вазифа равона сохта, мустақилона фикр мекунад, ки самаранокии кори ӯро баланд мебардорад, ихтироъ ва эҷодкорӣ низ менамоянд.

  2. Аз тарафи дигар додани ҳуқуқу вазифаҳо назоратро суст намуда, роҳбар маҷбур мешавад, ки аксари фаъолияти қабули қарор, мақсадгузорӣ натиҷагирӣ ва ҳавасмандиро низ ба зиммаи ӯ гузорад. Вобаста ба хислати хоси кормандон, ки баъзеашон хоҳиши ҳокимият доштанро доранд, хатари бенизом сохтани идоракунӣ низ ҷой дорад.

Бинобар ин, додани ҳуқуқу вазифаҳо ба дигар шахсон кори осон набуда, дар ин роҳбар худмаҷбуркуниро талаб менамояд. Бояд донед, ки додани ҳуқуқу уҳдадориҳо ба эътибор, мавқеъ ва кори самараноки Шумо халал мерасонад.

Илми идоракунӣ водор месозад, ки дар 50-соли охири асри XX яке аз шартҳои инкишофи мунтазами корхонаҳо ин назорати қатъӣ, шартуу меъёрҳои муайяни фаъолияти онҳо буд.

Акнун ҳазорсолаи сеюм, ки ҳазорсолаи «Инкишофи башарӣ» ном дорад, аллакай роҳбарии ташкилотҳои калони байналхалқӣ ба принсипҳои демократия – инсон бовар кардан, ҳуқуқу уҳдадориҳои пурраро ба ҳар як корманд додан, кӯмак кардан такя мекунанд.

Системаи мустақили интеллектуалӣ, ҷои стандарту қоидаҳои пешинаро соҳиб мешавад, намояд. Дар чунин шароит ҳар як коргар дар ҷои худ роҳбар буда, вазифаи худидоракунӣ мақоми олиро дорост, чунки шароити бозор имрӯз хеле мураккаб шуда, тағйироти оҷилӣ ва зиракию донишмандии зиёди ҳар як аъзои коллективи ташкилотро талаб менамояд.

Вазифаи асосии менеҷерон пеш аз ҳама дар он мебошад, ки кормандро дар қабули қарори идоракунӣ, худмасъулиятӣ ва худҷавобгарӣ водор мекунад.
Дар бештари аксар маврид ҳолатҳое мушоҳида карда мешаванд, ки аз навоварӣ даст кашидан ба қоидаи консерватизми роҳбарӣ, яъне «қоидаи худмуҳофизатӣ»
мекунад. Махсусан ин бар он шаҳодат медиҳад, ки рафтори роҳбарӣ дар шароити паст кардани самаранокии худро гум кардааст. Новобаста ба ин аксар роҳбарон, асосан хусус роҳбарони корхонаҳои Тоҷикистон ин қоидаро истифода мебаранд, ки

пешина
аз 522
навбатӣ