Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

иддияти ҳукмронӣ буда, доимо ба муноқиша оварда мерасонад. Бозиҳои сиёсии ҳукмронӣ ба задухӯрдҳои шадид мубаддал мегардад, ки дар натиҷа бояд яке мағлуб шавад, лекин дар олами муносибатҳои инсонӣ истифодаи ҳуқуқҳое ҳастанд, ки ҳуқуқу вазифаи дигаронро поймол َнаменамояд. Ин роҳ имкон додан ба дар як шахс дар амалӣ гардондан хоҳиши онҳост. Гузаштан ба қоидаҳои мудидоракунӣ ва худмустақилӣ аслан солҳои 80-уми асри гузашта дар аксари корхонаҳои Шӯравӣ авҷ гирифта буд ва олимони бисёре оид ба ин масоил фикру ақидаҳои хубро низ навиштаанд.

Асоси концептуалии чунин як қоида, нишондиҳандаҳои равоншиносон, сипсихологҳо ва файласуфон мебошанд. Дар натиҷаи омӯзиши фаъолияти мотиватсионӣ, зиддиятҳои психологӣ, хусусиятҳои хоси фаъолияти фардӣ олимон ба хулосае омаданд, ки ҳар як инсон вобаста аз зарурияти иҷтимоӣ, психологӣ ӯҳдаи доимо ҳаракат ба ҳокимият, худназоратӣ ва худтасдиқкунӣ дорад.
Чунончи баъдтар ин назарияро Маслоу дар шакли аҳроми талаботҳо исбот намудааст.

Ақидаи ба дигар кас додани ҳуқуқу вазифаҳо нав набуда, ҳанӯз аз замонҳои аввали роҳбарӣ дар таърихи башарӣ то замони менеҷмент идома дорад. Мисол, ҳанӯз солҳои 50-уми асри гузашта ба менеҷерон тавсия дода мешуд, ки нисбати итоаткунандаи худ муносибати дӯстона дошта бошанд.
Солҳои шастум талаб мекарданд, ки нисбати талаботҳо эҳтиёткор бошанд, солҳои ҳафтодум менеҷерон бояд аз кормандон ёрӣ ва ҳамкориро талаб намоянд, солҳои ҳаштодум ташаккулёбии дастаҳо ва гузаронидани маҷлисҳои пайдарпайро тавсия мекарданд. Бо ин роҳ онҳо мардумро бовар мекунонданд, ки ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо поймол карда намешавад ва доимо бо роҳи гузаронидани маҷлисҳо аз онҳо маслаҳат мепурсанд ва гӯё фикрҳои онҳо ба инобат гирифта мешаванд. Аммо дар асл чунин набуд. Новобаста аз намуди баҳсҳо дар маҷлисҳо қабули қарор дар ҳамон шакл сурат мегирифт, ки барои худи роҳбар маъқул аст. Аз рӯи тадқиқоти мутахассисон қариб 3/1 ҳиссаи менеҷерон худашон намехоҳанд мустақил бошанд, лекин даъво мекунанд, ки онҳо дар қабули қарорҳои идоракунӣ бехабар ҳастанд ва аз онҳо намепурсанд.

Менеҷероне, ки ба дигар кормандони хеш ҳуқуқу ӯҳдадориҳои
худмустақилӣ додан намехоҳанд, чунин ақида доранд, ки гӯё кормандон ин гуна

пешина
аз 522
навбатӣ