Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

қобилиятро надоранд. Инчунин ақидае низ доранд, ки коргарон умуман бояд дар ҷараёни идоракунӣ иштирок нанамоянд. Сабаби асосиро онҳо дар хоҳиш надоштани зердастон ҳавола карда, инро чунин шарҳ медиҳанд, ки гӯё онҳо ба коргарон мехоҳанд ҳуқуқи зиёд бидиҳанд, вале кормандон барои ин худашон ҳаракат намекунанд.

Баъзе менеҷерон аз он метарсанд, ки гӯё ҳокимиятро тақсим карда, онҳо мақоми худро гум мекунанд, ё ки мукофоташонро бой медиҳанд. Аз дигар тараф менеҷерони таҷрибадори касбӣ намехоҳанд, ки «сирри таҷрибаи касбии худро»
ба дигарон омӯзанд, ё дигарон аз он огоҳ шаванд. Бо ин роҳ онҳо мехоҳанд, ки тамоми ҷараёни кориро худашон назорат кунанд.

Инчунин баъзеҳо метарсанд, ки ҳангоми додани ҳуқуқу уҳдадорӣ онҳо наметавонанд, ки аз ҳама ҳолатҳо бохабар бошанд. Онҳо мехоҳанд, ки худашон танҳо кор кунанд ва барои хатои дигарон ҷавобгӯй набушанд.

Вале мутахассисони бахши менеҷмент таъкид месозанд: менеҷероне, ки ҳуқуқу уҳдадориҳоро тақсим кардан намехоҳанд, бояд донанд, ки додани чунин як имконот ҳолатҳои зеринро таъмин месозад:

  1. Ҳисси худтаъминӣ.

  2. Дарки интихоби озод.

  3. Дарки ҳукмронии фардӣ.

  4. Дарки моҳияти кори хеш.

  5. Ҳисси худбоварӣ.

Роҳбаре, ки ин панҷ имконотро ташкил карда тавонад, соҳиби обрӯю эътибори калон мегардад. Тадқиқоти илмии равандҳои дар боло гуфташуда бартариятҳоеро тасдиқ менамоянд, ки ташкилот дар вақти васеъ кардани ҳукмронии кормандон ба даст меорад. Ва баръакс мавҷуд набудани ҳуқуқу ӯҳдадориҳо барои кормандон ба натиҷаҳои манфии беқувватӣ, нобоварӣ ва дар канор мондан оварда мерасонанд. Бинобар ин, агар ба кормандон ҳуқуқу озодии пурра диҳем, онҳо ҳамон қадар масъулият ҳис карда, самаранок кор мекунанд.
Мисоли аниқ, ҳангоме ки камина ба Тайван сафари корӣ доштам, ин ҳолатро мушоҳида намудам. Бо дӯстам Валентин Головачев, ки корманди бахши русии радиои озодии Тайбэй буд, вохӯрдам. Баъди дар конфронси байналхалқӣ баромад карданам ӯ маро барои маърӯза кардан дар радио ба ҷои кориашон

пешина
аз 522
навбатӣ