Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
34.6. Маслиҳатҳои муфиди С.Д.Резник¹
Ба инкишофи вазифадорӣ, дараҷаи дониш, кордонӣ, ихтисосмандӣ ва дигар сифатҳои шахсӣ таъсири калон мерасонад.
Ҳар як инсонро зарур мебошад, ки ояндаи худро ба нақша бигирад.
Вазифадорӣ ин фақат фаъолият набуда, балки сабабе мебошад, ки инсон метавонад донишу фаҳмиши хешро ба манфиати ҷамъият амалӣ гардонад.
Идоракунии вазифадорӣ ин васеъ намудани дониш ва ба даст овардани кордонӣ аст.
Дигаронро фаҳмидан ва баҳо додан, шарти зарурии вазифадорӣ мебошад.
Дар назар дошта бошед, ки ҳама чиз дар ҳаёт тағйир меёбад: дониш ва кордониатон, бозор, ташкилот, муҳит ва Шумо бояд онро баҳо дода тавонед.
Дар хотир доред, ки вазифадорӣ ин ризоияти хоҳишу манфиати Шумо ва ташкилот мебошад.
Сифати баланди менеҷери пешво ҳамчун ташкилкунандаи фаъоли алоқамандии ташкилию идоракунӣ, иҷтимоию психологӣ ва истеҳсолӣ мебошад.
Роҳбари замонавӣ бояд қобилияти фикрронӣ ва амалӣ гардондани мақсадҳои ҳаётиро дошта бошад.
Роҳбари замонавӣ бояд банақшагирии ташкилӣ, ахбордиҳӣ, таҳлил ва қарори ҳалкунандаро дошта бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё