Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Бояд қайд кард, ки заминаҳои ин сохтор модарзодӣ буда, инкишофи он дар ҷараёни зиндагӣ таъмин карда мешаванд.

  1. Сохтори биологӣ, ки хусусияти шахвонӣ, миҷоз ва синну соли одамон буда, дар давоми ҳаёти одамон вобаста ба саломатии онҳо ва муҳити зиндагонии шахс тағйир меёбад.

Ду зерсохторе, ки дар чор сохтори номбаршуда таъсири худро доранд, хислат ва қобилиятнокӣ мебошанд.

Сохтори шахсиятро таҳлил карда, мо ба хулосае меоем, ки дар ҳақиқат ба ҳар як сохтор таъсири ҷомеа, ҳамкорону ҳаммаслакон ва оила хеле калон мебошанд.

Ташаккули шахсиятро дар ҷомеа сотсиализатсия меноманд. Шахсият дар шароити аниқи иҷтимоӣ ташаккул ёфта, таҷрибаи муайянеро аз худ менамояд ва вобаста аз он мақсадгузорӣ ва натиҷагирӣ менамояд.

Хусусияти хоси рафтори шахсият бевосита аз меъёр ва арзишҳои ҷамъиятие вобаста мебошад, ки эътирофи умум гардидаанд.

Шахсият ин на танҳо арзишҳо ва низоми мақсаднокии ҷамъиятиро доро мебошад, балки боз иқтидори калони қувваи дохиларо дорад, ки объекти асосии он на фақат таъсири олами ҳастӣ, балки ҳиссиёти худӣ, худбаҳодиҳӣ, худтанзимкунӣ, худназоратӣ, худтаҳлилкунӣ ва ғайра мебошад.

Аслан шахсият гуфта, одамонеро меноманд, ки мавқеи муайяни фаъоли ҳаётиро дошта, «худро» ба ҷомеа муаррифӣ карда метавонанд. Аз дигар тараф, шахсият будан, ин интихоб намудан, вобаста аз қувваи ҳиссии дохила ва иродаи боқуввати шахсӣ буда, қарорро муҳокима карда, оид ба иҷрои он дар назди худ ва ҷамъият ҷавобгар мебошад.

Эътирофи шахсият аз унсурҳои худшиносӣ мебошад, ки дар сохтори он чунин ҳолатҳоро ҷудо кардан мумкин аст:

  1. Фаҳмиши мақсадҳои ақлонӣ ва дарозмуддат, ҳамчун субъекти фаъол.

  2. Ташаккули сифатҳои воқеӣ ва идеалии шахсӣ.

  3. Донисташавандагии хеш нисбат ба атрофиён.

  4. Ҳиссиёт, эҳсосот ва иродаи мустаҳками шахсӣ доштан.

Ҳамин тариқ, худшиносӣ гуфта, дар менеҷмент ин муносибати зеҳнӣ ва эҳсосотӣ нисбат ба худ доштанро номидан мумкин мебошад.

пешина
аз 522
навбатӣ