Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Инкишофи шахсият амри зарурат аст. Он имкон медиҳад, инсонҳо иқтидори зеҳнии худро пурра истифода намуда, ба ҷомеа нафъи зиёде биёранд. Шахсият на танҳо барои комил гаштани хеш, балки барои амалӣ гардонидан ва ба дигарон додани дониш шароит пайдо менамояд. Аз тарафи дигар, шахсият маҳз ҳамон вақт шарафманд мегардад, ки агар ӯ дониши худро дар амалияи ҷамъиятӣ истифода намояд. Албатта, дар чунин ҳолат шахсият ба зиддиятҳо дучор мегардад, чунки ӯ танҳо набуда, боз шахсони дигар, фикрҳои гуногуни ҳизбии зиёде мавҷуд мебошад, ки муқобилият нишон медиҳанд. Маҳз дар ҳамин нуқта талаботҳои дигари инсонӣ - ирода, виҷдон, нангу номус, фаъолноку ва дигар сифатҳои беҳтарини шахсият пайдо мегарданд, ки мавқеи шахсиятро тақсим мебахшанд. Инкишофи шахсият бевосита аз муносибати онҳо ба худашон вобаста мебошад. Фаъолнокии иҷтимоии шахсият ба инкишофи гуногуншаклии талабот ва манфиатҳо оварда мерасонад.
Хислатҳои шахсият бевосита дар фаъолият ва рафторҳои роҳбарӣ пайдо мегардад, ки аз тавсифҳои зерин иборат мебошанд:
-
Фаъонокӣ — ҳаракатҳои фаъол оиди васеъ намудани доираи фаъолият.
-
Мақсаднокӣ — низоми омилҳо, сабабҳо, талабот ва манфиатҳои боварӣ ба равандҳои муайяни зиндагӣ.
-
Иштирок дар фаъолияти дастаҷамъӣ.
Фаъонокӣ хусусияти хоси шахсият буда, дар натиҷаи муносибати онҳо ба муҳит ва атрофиён муайян мегардад. Фаъонокӣ ин раванди талаботҳои шахсият мебошад. Талабот, аз тарафи дигар, сабаби фаъолияти онҳо буда, маҳз зарурат онро ба миён меорад.
Инсон дар ҷомеа зиндагӣ ва фаъолият менамояд ва ҳамчун шахсият ташаккул меёбад. Бинобар ин, таъсири хислати ҷамъиятӣ низ чун омили иҷтимоӣ дар ташаккули он ба таври барҷаста намоён аст. Мисол, хислат ва рафтори фардии мардуми тоҷик аз мардуми рус, қазоқ ва қирғиз ва дигар миллатҳо куллӣ фарқ мекунад.
Шахсият дар низоми муносибатҳои ҷамъиятӣ мақоми махсус дошта, дараҷаҳои гуногуни обрӯӣ, эътироф ва шарафро доро мебошанд. Шахс вобаста ба он метавонад ба ҷомеа таъсир расонад. Мураккабӣ дар он мебошад, ки на ҳамаи хусусиятҳои фаъолияти шахсро фаҳмидан мумкин аст, чунки як қатор

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё