Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИқтисодиётТаҳсилотИдоракунӣ
Аз аввал хондан

дода тавонад, он гоҳ қудрати ислоҳи хаторо пайдо менамояд ва чунин хаторо дигар такрор наменамояд. Афсӯс, ки аксар роҳбарон, шахсиятҳо хатоҳои худро дарк накарда, асабонӣ шуда, дигаронро низ ба азоби рӯҳӣ гирифтор менамоянд.
Кам ҳолатҳоро мебинем, ки одамон нисбати ақлу дониши худ сухани ҳақро раво бинанд ва баръакс, аксар вақт худро таърифи зиёде менамоянд. Чунин ҳолат гоҳ нохоҳ дар одамони атроф акси муносибатро пайдо месозад, ё ин ки ҳолатҳои дигари нофораме ҳангоми худбаҳодиҳӣ пайдо мегардад. Нисбати шахсони бузург на хирадманд бадбинӣ, бахилӣ ва бадхоҳиро раво медорем, ки он ба инкишофи фард таъсири манфию ифротӣ мерасонад. Рафтори «беадолатона» ва муносибати ғаразнок ба шахсияти роҳбарон таъсир расонида, ба шаъну эътибори онҳо зарар оварда, метавонад сади роҳи инкишофи ташкилот ва куллан иқтисоди ин ё он соҳа гардад.

Унсури дигари худшиносӣ адолатпарастӣ мебошад. Ин хислат бояд аввалан нисбат ба худ ва баъдан нисбати дигарон истифода гардад.

Бояд қайд кард, ки дар ташаккули сифатҳои худшиносӣ, худбаҳодиҳӣ ва худэҳтиромӣ омилҳои зиёде таъсир мерасонанд, ки ба мо аз овони кӯдакӣ маълуманд:
❖ муносибати волидайн; ❖ мавқеи Шумо дар байни ҳамсолон; ❖ муносибати устодони мактаб; ❖ муносибати аҳли деҳа, маҳалла ва ноҳия.

Аслан дар одамон аввал баҳодиҳӣ нисбати дигарон пайдо шуда, баъдан онҳо худро баҳогузорӣ менамоянд. Сотсиологҳо қайд менамоянд, ки кӯдакон то 14-15 солагӣ фақат дигаронро баҳогузорӣ мекунанд ва баъдан қобилияти ба рафтори худ баҳодиҳӣ пайдо менамоянд, чунки рефлексҳои таҳлил, мушоҳида, назар ба атрофиён ва худбаҳодиҳӣ шурӯъ мешавад.

Худэҳтиромӣ ҳолати худшиносие мебошад, ки хулосабарории шахсиро нисбат ба худ муайян месозад. Ҳар як шахс бурдбориҳо ва орзуҳою мақсадҳои дар пеш истодаи худро таҳлил карда, мавқеашро муайян месозад. Барои он ки шахс нисбати хеш эҳтироми баланд дошта бошад, бояд натиҷаи самараноки фаъолияташ баланд бошад, дар пеши худ мақсадҳои баландро гузошта бошад.

пешина
аз 522
навбатӣ