Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Худэҳтиромии паст, норизоӣ аз хеш ва фаъолияти хеш, баҳои ғайриқаноатбахш додан ба фаъолияти хеш тавассути асабонӣ шудан, шикасти зиндагӣ, даст кашидан аз фаъолияту мақсадҳо, оқибат ба гум кардани мавқеи хеш дар ҷомеа ва аз даст додани саломатӣ оварда мерасонад.

Хислати ҳақиқии шахс дар ҷараёни фаъолияти меҳнатӣ аён мегарданд, яъне хислати типологии шахсро шакли фаъолияти меҳнатии вай муайян месозад, ки дар ду шакл зоҳир мегардад: умумӣ ва махсус.

Муҳаққиқон вобаста ба хусусиятҳои умумии фаъолияти шахсро ба шаш навъ ҷудо менамоянд:

  1. Шахсияти назариявӣ.

Аз гурӯҳи одамоне таркиб меёбад, ки ҳаракат, ҷустуҷӯи масъалаҳо, саволҳои воқеиро дар худ таҷассум менамояд. Барои ин гурӯҳи одамон тозагии усулҳои фаҳмиш, ташаккули шуурнокӣ, ҳақиқат бе назардошти ҳолати воқеии ҷомеа муҳим аст. Аз нигоҳи онҳо ҷаҳон аз системаи мураккаби алоқамандиҳо ва вобастагиҳо иборат буда, новобаста аз хоҳишу талаботҳо намегузоранд, ки хушбахт бошем ва ғайра. Чунин хислат аксар маврид ба олимон, диндорон ва мутаассибҳо хос мебошад. Онҳо тамоми тағйироту муваффақиятҳоро дар иҷрои мақсадҳои гузошташуда аз худ медонанд.

  1. Шахсияти иқтисодӣ.

Аз гурӯҳи шахсоне иборат мебошад, ки дар ҳама ҳолатҳои зиндагӣ манфиатҷӯӣ менамоянд. Барои онҳо тамоми фаъолият бояд воситаи «Зиндагии хуб» буда, барои таъминоти он доимо кӯшиш бояд намуд. Ин гуна шахсон тамоми захираҳоро барои он сарфа менамоянд, ки фоидаи ниҳои бинанд. Мақсади ҳаракат барои фаъолият не, балки ба самаранокии он равона гардидааст.

  1. Шахсияти эстетикӣ.

Санъати воло фақат дар вуҷуди инсон пайдо гашта, инкишоф ёфта, боло мегирад. Ин гурӯҳи шахсон ҷаҳонбинии хоса дошта, дар олами тасаввур зиндагонӣ мекунанд. Барои онҳо олами моддӣ қариб моҳияте надорад. Онҳоро романтиқҳо ва ҳавасу орзудорон мегӯянд. Ин гурӯҳи одамон ба монандӣ шахсони назариявӣ дар назди шароити иқтисодӣ мӯҳтоҷ гашта, дастгирӣ талаб мекунанд.

пешина
аз 522
навбатӣ