Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

35.2. Баланд бардоштани сатҳи худбаҳодиҳӣ ва
худифодагарӣ дар менеҷмент

Чандин сол боз маънои калимаи «ман» ҳамчун меҳвари захиравии рафтори одамон баҳогузорӣ меёбад.

Файласуфони Юнони қадим Суқрот, Арасту, Пифагор, Афлотун, Фалес ва дигарон доимо таъкиди «худшиносӣ»-ро карда ин масоилро то охири умр омӯхтанд ва афсус хӯрданд «ки онҳо худро на шинохтанд».

Алфред Лорд Теннисон гуфтааст: «Ҳукмронии волой аз се чиз сарчашма мегирад: муносибат ба худатон, худназоратӣ ва худшиносӣ»1. Инчунин мувофиқи гуфтаи Полония Гамлет «Ба худ бовар кун, чуноне, ки баъди рӯз шаб аст, ки онро бо дигар чизе иваз карда наметавонед»2.

Солҳои охир омӯзиши табиати қобилиятнокии эҳсосотии одамон, яке аз омилҳои асосии муваффақиятҳои пешвоён ва менеҷерон гаштааст.

Худбаҳодиҳиро ҳамчун асоси қобилиятнокии эҳсосотӣ ва зеҳнӣ, ки барои бурдбориҳои ҳаёт таъсири калон мерасонад, ҳисоб менамоянд. Дараҷаи инкишофи эҳсосотӣ дар инкишофи дастовардҳо, нисбат ба инкишофи ақлонӣ ва таҷрибаи корӣ, қариб ду маротиба аҳамияти зиёд дорад. Мутахассисон исбот намудаанд, ки кормандон — менеҷероне, ки қобилияти баланди эҳсосотӣ доранд, ба корхона нисбат ба одамони оддӣ 3-4 маротиба зиёд фоида меоранд, чунки одамони оддӣ ҳисси худбаҳодиҳӣ ва эҳсосоти пасттар доранд. Чунин ақида низ вуҷуд дорад, «Касе, ки дигаронро идора мекунад, аввал бояд худашро идора намояд». Худбаҳодиҳӣ яке аз унсури асосии худидоракунӣ мебошад. Шахсе, ки худро идора карда метавонад ва мақсади зиндагии худро дуруст муайян менамояд, доимо аз ӯҳдаи ҳалли масъалаи муҳим мебарояд.

Самаранокии идоракунии нохушӣ ва вақт имкон медиҳад, ки ҳар як фард ба шароит мутобиқ шуда, онро бомуваффақият дигар менамояд.

Олимоне, ки доир ба рафтори инсонӣ тадқиқот мебаранд, ба чунин хулоса
омадаанд, ки худшиносӣ, худбаҳодиҳӣ, худнишондиҳӣ, донистани хеш, асоси

1 Дэвид А. Авдетен, Ким С. Камерон. Развитие навиков менеджмента. — С. Петербург., 2004.-С.85.
2 Дар ҳамон ҷо - С. 85.

пешина
аз 522
навбатӣ