Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
- Шахсияти иҷтимоӣ.
Барои рафтори иҷтимоӣ доштан, шахс бояд хислати фарқкунандаро доро бошад, ки онҳо барои ҳама хос намебошанд. Маҳз хислати худро тағйир дода, пешрафт кардан шакли махсуси рафтори ҷамъиятии шахс мебошад. Раванди иҷтимоӣ дар дараҷаи олии худ, дӯстдорӣ мебошад. Маҳз дӯстдории асосӣ ҳиссиёте мебошад, ки шахс нисбат ба дигарон ва муҳит дорад.
- Шахсияти сиёсӣ.
Ин гурӯҳи одамоне мебошанд, ки мазмуни асосии рафтори онҳо ҳукмронӣ мебошад. Онҳо дар ҳама ҳолат рафтори худро доимо ба ҳукмронӣ равона карда, ҳаловатро дар шарафу эътибори худ мебинанд, худро бе роҳбарӣ тасаввур карда наметавонанд. Онҳо доир ба хоҳиш, муҳокима, фаъолият ва ҷаҳонбинии хеш мустақил набуда, шакли зиндагии худро дар хизмати дигарон ва образи дигарон дида, бисёртар ба урфу одатҳо такя менамоянд.
- Шахсияти динӣ.
Ин гуна шахсон моҳияти асосии фаъолияти худро пурра ба арзишҳои волои Илоҳӣ мебахшанд, ки се шакли онҳоро ҷудо менамоянд:
- Мусбӣ.
- Манфӣ.
- Омехта.
Бояд қайд кард, ки ҳар як гурӯҳи шахсият аз якдигар фарқи куллӣ дошта, дар интихоби касб, тарзу усули фаъолият, рафтор, фикрронӣ, дӯстдорӣ, хоҳиш ва талабот гуногун мебошанд. Бинобар ин, менеҷерро зарур аст, ки тамоми хосиятҳои кормандонро пурра омӯхта, замони роҳбарӣ ин омилҳоро ба эътибор гирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё