Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
у унсури фардӣ;
❖ усули худшиносӣ;
❖ ирода ва эҳсоси гуногуншаклӣ;
❖ нишонагирии берун аз ҷамъияти шахс.
Ин унсурҳо аз як қатор омилҳо ва зерравандҳо иборат мебошанд. Яъне ин, имкон дорад, ки ин омилҳоро гурӯҳбандӣ намуда, ҳамчун нишондиҳандаҳои асосӣ ва самаранокии худшиносии шахсият, аз қабили таҷрибаи хубу самараноки роҳбарӣ, ташкили гурӯҳ-дастаи нерӯманди мутахассисон, қобилияти қабули қарори боақлона ва хирадмандона, бозомӯзии касбиро доштан, воқеӣ будан, воситаҳои хуби коммуникатсионӣ доштан, аз навигариҳо бохабар будан ва боварӣ доштан ба қувваи ақлонии хеш ва ғайраҳо ифода намоем.
Ҳар як шахс боз хислатҳои хоси худро дорад, ки он дар фаъолияту рафтори ҳаррӯза пайдо мегардад. Қарордоди шахсӣ, нишонагирӣ ва хусусияти фардӣ ба ин ё он фаъолият дар ҳолатҳои гуногуни ҳаёт арзишҳои фардӣ мебошанд.
Мутахассисони бахши менеҷмент арзишҳои фардии шахсиятро ба ду гурӯҳ ҷудо мекунанд, яъне васонтӣ ва ғайратнокӣ (иродавӣ). Арзишҳои васонтӣ ба воситаи ин ё он нишондиҳандаҳо, ё худ далелу рақамҳои рафторӣ баҳо дода мешаванд. Ин арзишҳоро бо арзишҳои фаъолияти роҳбарони дигари ба сатҳи Шумо наздик, ҳамкасбон ва донишмандон муқоиса намуда, дар бораатон метавон хулосаи зарурӣ баровард. Бо назардошти он ки фаъолияти идоракунӣ бо масъалаҳои ахлоқӣ низ вобастаанд, натиҷаҳо бо як қатор меъёрҳои ахлоқӣ муқоиса карда мешаванд.
Гурӯҳи дуюми нишондиҳандаҳо, яъне нишондиҳандаҳои иродавии шахсият дар натиҷаи омӯзиши фардҳо дар ҳолатҳои гуногуни зиндагӣ, дар синну солҳои гуногун, ҳолати мушкилу фавқулодда, нангу номус, гармию дилсардӣ, пастию баландӣ ва ғайра намоён мегардад, ки дар маҷмӯъ шахсиятро маънидод менамоянд.
Ҳолати дуюми худбаҳодиҳӣ усули фаҳмиш, ё дарки масъала мебошад, яъне роҳбар то кадом дараҷа ахборро қабул, дарк ва онро таҳлил намуда, истифода бурда метавонад. Барои худбаҳодиҳӣ ҳар як фард метавонад оид ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё