Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

масъала қарори идоракуниро бо якчанд усули тарзу қабули он аз тарафи мутахассисони дигари бахши менеҷмент, менеҷерони соҳаи худ дар ноҳия, минтақа, ҷумҳурӣ, давлатҳои ҳамҷавор, ҷаҳони пешқадам ва ба таърихи гузаштагону бузургони хеш муқоиса намояд. Дар натиҷа ӯ бевосита худро баҳо дода, норасогию камбудии фаъолияти худро аниқ ва ислоҳ карда, ба муваффақиятҳо сазовор мегардад.

Ҳолати сеюм нишонагирии мақсаднок ва тағйирёбанда мебошад. Дар ин бахш диққати асосӣ ба тарзу усулҳои мақсадгузориҳо ва инкишофи хеш дода мешавад. Агар чунин ҳолатҳоро омӯхта дар амалияи кори хеш истифода намоем, ба пешравиҳои зиёде ноил хоҳем гашт.

Муҳим он аст, ки шахсият ин усулро аз худ намуда, бипарастад, чунки усули мазкур касро аз як тараф зиддияти атрофиён, ҷамъият ва ҳокимону золимоне, ки чунин хислатҳоро намепарастанд ба мушкилиҳои зиёде рӯбарӯ месозад. Аз тарафи дигар, сабру таҳаммул, бузургию қавиродагӣ ва тоб оварда тавонистан, ба ҳамаи он тағйиротҳо шахсро ҳамроҳи доимӣ мегардад.

Хусусиятҳое, ки дар боло номбар кардем аз устуворӣ ё худ ноустувории менеҷменти муассиса шаҳодат медиҳад. Самаранокии санъати менеҷмент аз он иборат мебошад, ки то чӣ андоза шахсият ба худифодагӣ ва худшиносию худбаҳодиҳии оқилонаю воқеӣ муносибат ва рафтори объективӣ менамояд.

Ҳолати чорум муносибати байниякдигарии шахсият ва худифодагариро таҷассум менамояд. Онҳо нишондиҳандаҳое мебошанд, ки аллакай амалигардонии хислатҳои шахсиятро нисбат ба атрофиён нишон медиҳанд.

Таҳлил ва омӯзиши нишондиҳандаҳои фардӣ ва коммуникатсионии рафтори иродавӣ гувоҳи он мебошанд, ки Шумо то чӣ андоза аз санъати волои менеҷмент бохабар буда, онро амалӣ гардонидаед. Нишондиҳандаро ҷамъбаст намуда, сифати муносибати хешро ба дигарон муқоиса намоеду баҳо диҳед ва хулосаҳо бароред.

Чор ҳолате, ки дар боло нишон додем, дар маҷмӯъ концепсияи арзишҳои
фардии ташаккули шахсият дар менеҷмент буда, ба инкишофи санъати
менеҷмент таъсири фаъол мерасонанд, омилҳо ва нишондиҳандаҳои
номбаркардашуда омӯзиш ва меҳнатҳои зиёду вақти тӯлониро талаб карда,
инсонро маҷбур месозанд, ки рафтору гуфтор, тарзу усули зиндагӣ, мавқеъ,

пешина
аз 522
навбатӣ