Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

қадрдонӣ менамоянд ва дар баробари ин тарафдорони муносибати дастаҷамъӣ, дастовардҳои коллективӣ, яъне ҳиссаи дастаро эътироф менамоянд. Бояд қайд кард, ки дар маданияти Ғарб масъулияти фардӣ баланд аст. Мисол, дар ташкилотҳо бештар чунин шакли баҳодиҳӣ маълум аст: 80% мардуми Аврупои Ғарбӣ (Олмон, Британия, Чехия, Фаронса, Дания, Ҳоланд ва ғайраҳо) саҳми фардиро қадр менамоянд, мардуми Осиё (Ҷопон, Ҳиндустон ва Непал) қариб 45%, ИМА бошад 72%4.

Арзиши сеюми муносибати одамон ҳолати эҳсосотӣ, ки ба ҳолат - оромӣ ва ё бетарафӣ муқоиса карда мешавад, ба ҳисоб меравад. Намояндагони миллатҳое, ки бештар ба эҳсосот рӯ меоранд, вазифа ва уҳдадориҳои корӣ ва роҳбарии хешро аз рӯи ин раванд иҷро менамоянд. Масалан, мувофиқот ё муколама, гуфтушунид дар шакли ханда, қаҳру ғазаб ва ё содир кардани эҳсосоти баланд гузаронида мешавад.

Намояндагони маданияти ором ё худ бетарафӣ, фаъолиятро ором ва бе эҳсосот мегузаронанд, ки аксар маврид самаранок мебошад.

Арзиши чорум — хислатҳои хос ва кушодарӯй, дар зиндагӣ шахсоне пайдо мешаванд, ки хислати хусусии худро дошта, дигаронро ба худ наздик намегузоранд ва алоҳидагиро парастиш дорад. Ин рафтори шахсон чӣ дар хона ва чӣ дар ҷои кор якхела буда, онҳо пӯшида мебошанд. Ин гуна шахсон тарҳи муайяни фаъолияти оилавӣ ва корӣ доранд ва баръакс шахсиятҳое мавҷуданд мебошанд, ки нисбат ба кор, дар оила, дар муносибат ба одамон кушодарӯй буда, кушоду равшан сухан мегӯянд. Аксар маврид онҳоро сабукфикр ҳам мегӯянд. Вале кормандон чунин роҳбарро мепарастанд ва онҳо кам ҷои кори хешро иваз менамоянд, нисбати кормандони хеш хеле ғамхору меҳрубон мебошанд. Мисол, ба саволи «Оё Шумо ба таклифи роҳбаратон розӣ мешавед, баъди кор ё рӯзи истироҳат рафта дару тирезаи хонаи ӯро ранг намоед, дар ҳолате, ки ин амал барои шумо ногувор нест», дар ИМА — 82%, мардуми Дания — 90%, Чиниҳо бошанд — 32% ҷавоби манфӣ додаанд.

Арзишҳои панҷум, қадрдонии воқеии шахс ё ин ки вобаста аз куҷо, кадом авлоду нажоду миллат будани он баҳо дода мешавад. Баъзан одамон вобаста аз дастовардҳои фардӣ ва донишу қобилияти хеш ба қуллаҳои баланд

4 Дэвид А. Вэттен и др. Развитие навиков менеджмента. — СПб., 2004.-С.97

пешина
аз 522
навбатӣ