Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Бидуни эҳсосот, беғаразӣ
Ҳисси оромӣ қадр карда мешаванд
Корея, Эфиопия, Чин, Ҷопон
Хусусиятҳои хос
Тақсимоти нақшҳо қадр карда мешаванд
Голландия, Шветсария, Дания, Англия
Якдигарфаҳмӣ
Мутамарказшавӣ ва ивазшавии роҳҳои ҳаётӣ қадр карда мешаванд
Хитой, Сингапур, Корея
Дастовардҳо
Баҳодиҳӣ аз рӯи дастовардҳои фардӣ
ИМА, Канада, Нигерия, Австрия
Пайдоиш
Вобаста аз соли пайдоиши шахсият қадр карда мешаванд
Миср, Индонезия, Корея, Чехия
Гузашта ва ҳозира
Оянда ба гузашта алоқаманд аст
Фаронса, Ҷопон, Англия
Оянда
Оянда баҳо дода мешавад, лекин ба чизе алоқаманд нест
ИМА, Ҳолланд
Хусусияти интерналӣ
Худназоратӣ қадр карда мешаванд
ИМА, Канада, Австрия, Англия
Хусусияти экстерналӣ
Назорат аз тарафи қувваи беруна
Чехия, Ҷопон, Миср, Чин
Панҷ мисоли аввали ҷадвали овардашуда ба доираи алоқамандиҳои одамон тааллуқ доранд. Дар баъзе мамлакатҳо, масалан, ИМА, Норвегия, Шветсия, Швейтсария ба универсализм баҳои баланд дода, он қадр карда мешавад. Вобаста ба ин рафтори одамон аз рӯи қоидаҳо ва меъёрҳо муайян шудааст, ки аз мардуми оддӣ то сарвари сиёсии олӣ онҳоро бояд риоя намоянд. Мисол, дурӯғ нагуфтан, ба нафси шахсони дигар нарасидан, роҳро дар мавриди сурх будани ранги чароғак нагузаштан. Рафтори тамоми аҳолӣ аз рӯи меъёрҳои иҷтимоии умумӣ ба танзим дароварда мешаванд.
Дар дигар давлатҳо, аз қабили Чин, Корея, Индонезия ва Сингапур аҳолӣ аксар вақт ба сепаратизм такя менамоянд. Дар натиҷа рафтори одамон ба мавқеъ ва ҳадафҳо вобаста аст, яъне шахс ба дӯст, аъзои оила, авлоду қабила дигар хел муносибат намуда, рафтори ӯ бо бегонагон тамоман дигар аст.
Арзишҳои дигари хос, ки хоси рафтори инфиродӣ ва дастаҷамъӣ мебошанд. Тарафдорони инфиродият, доимо дастовардҳои фардиро баҳо дода,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё