Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

аксар маврид таҷрибаи пешинаро истифода мебарем, ки шояд кӯҳна
буда, ба талабот ҷавоб дода натавонад;

ахбори бардурӯғ моро ҳеҷ вақт имкон намедиҳад, ки ба мазмуни масъала сарфаҳм биравем.

  1. Хатоҳо дар вақти коркарди шаклҳои гуногуни ҳалли масоил.

на ҳамеша донишу малакаи касбии мо барои ҷустуҷӯи шаклҳои гуногун ва
ҳалли масъала кифоя мебошанд;

мо доимо, фақат ҳолати ҳамон лаҳзаии ҳодисаро баҳо медиҳему халос,
аммо баъди муддате кадом ҳолатро соҳиб мегардад, пайхас карда
наметавонем;

дар қабули шаклҳои беҳтарин, аксар маврид ба шитобкорӣ роҳ медиҳем.

  1. Хатоҳое, ки дар вақти баҳои шаклҳо роҳ дода мешаванд:

аксар вақт оиди вариантҳои ҳалли проблемаҳо маълумоти нокофӣ
дорем;

доимо ҳаракат мекунем, ахбори оддиро истифода бубарем, гарчанде
медонем, ки оиди таҳлили ҳаматарафаи илмию тадқиқотии паҳлӯҳои
гуногуни масоил ахбори муфассал ва ғайримуқаррарӣ лозим аст;

маҳз ахбори кӯҳнае, ки ба навоварӣ, илм ва ҳақиқат зид мебошанд,
дар навбати аввал дастрас мегарданд;

ахбори тозаю арзандаи аз ҷиҳати илмӣ асосноккардашуда хеле қиммат
меистад;

бартарияти ахбори нав, албатта, он қадар саҳеҳ намебошад. Аксар
мавридҳо қарорҳое қабул карда мешаванд, ки ба талабот ҷавобгӯй
намебошанд;

бисёр мавридҳо ҳалли муаммоеро ба миён мегузорад, ки аллакай кӯҳна шудааст ва ҳалли он мазмун надорад, ё ҳалли масоил чизеро тағйир намедиҳад, яъне аллакай заруриятро гум кардааст.

  1. Хатоҳои ҳалли масоил.

аксар маврид ҳалли масоилро ба касони дигар ҳавола месозем;

бисёр мавридҳо тағйири мувозинати тарафҳо ба амал меояд, ки қувваи
бадӣ ғалаба мекунад;

пешина
аз 522
навбатӣ