Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

♦ Ба ҳисоб нагирифтани ҷараёнҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ, маданӣ, миллӣ ва анъанаю урфу одат ва аз даст додани вақт.

Бояд қайд кард, ки мақсади асосии ҳалли таҳлилии масоил, бартараф кардани масоил мебошад.

Роҳи эҷодии ҳалли масъала, кор карда баромадани чизи нав буда, на ҳама менеҷерон ва роҳбарон аз уҳдаи он мебароянд. Масоилро ҳал намуда, қадамон тарҳи концептуалиеро барпо месозанд, ки он дар асоси ҷӯрабозӣ, бюрократорчигӣ ва маҳалгароӣ ташкил карда шуда, тағйир додани он хеле мушкил мебошад. Бинобар ин ягона роҳе, ки метавонад монеаҳои концептуалии нодурустро аз байн бардорад, навоварӣ мебошад.

Монеаҳои концептуалӣ, бадхоҳони интихоби дурусти ҳалли масъалаҳо буда, дар паси онҳо шахсияти барҷаста, ё таҷрибаи калони бадхоҳона дошта меистад, ки он барои мавҷудият ва пешрафти муассиса хатарнок мебошад.

Аслан монеаҳо аз фикру ақидаи одамон бармеоянд ва онҳо доимо мушкил ёфтан мегиранд. Ин гуна шахсон ҳамчун «рӯҳи бад» садди асосии роҳи пешравӣ буда, доимо ногаҳонӣ ба ҳуҷум мегузаранд ва худашон масоилро ба вуҷуд оварда, аз натиҷаи манфии он ҳаловат мебаранд. Ин гуна шахсиятҳо аслан кӯҳнапарастон, вазифапарастон ва бадхоҳони миллат мебошанд, ки бадбахтона дар Тоҷикистон низ кам нестанд.

Таҷрибаи менеҷерон нишон медиҳанд, ки ҳар қадар дараҷаи маълумотнокӣ ва таҷрибаи кории инсон зиёд шавад ва синну солаш аз 40 боло гардад, ҳамон қадар усули эҷодиро кам истифода мекунад. Ӯ ба таҷрибаи кори худ такя карда, аз эҷодкорӣ дур мемонад. Вақте ки инсон аз эҷодкорӣ мемонад, хоҳ - нохоҳ роҳи дигар, яъне усули кӯҳнаро пеш мегиранд, ки ин албатта, самаранокии ҳалли масъаларо таъмин карда наметавонад. Мисолеро аз китоби «Инкишофи малакаҳои менеҷмент»-и Дэвид А., Вэттен, Кимс, Камерон меорем:
«Вақте ки Шумо ба шишаи холӣ, ки даҳонаш кушодааст як миқдор занбури асал ва як миқдори пашшаи зиндаро меандозед дар назди рӯшноии тиреза дигар тарафа мегузоред, ҳамон замон ё то ним дақиқа, аллакай, лаби шиша як пашша мемонад, аз даҳони шиша ҷои холиро дида баромада мераванд. Вале занбури асал, ки рӯшноиро дӯст медорад ва дар фикру хаёли фақат ба ҷониби ин рӯшноӣ

пешина
аз 522
навбатӣ