Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
мардуми тоҷик ва инкишофи ояндаи менеҷменти корхонаҳои он намондааст.
Мазҳарзишҳои мадании мардуми тоҷик, ки ҳанӯз зиёда аз 4-5 ҳазор сол тамоми дунёро ба ҳайрат оварда буд, дар бахши заминдорию роҳбарию давладорӣ бояд пойдевори асосии омӯзиши бахши менеҷменти замонавӣ гарданд. Мисол, дар Шарқ ақидаи мустаҳками «Табиат-одамон» то имрӯз арзишҳои худро гум накардааст. Маҳз Шарқ ризқу рӯзии одамонро дар олами табиат дида, нисбат ба табиат, махсусан, захираҳои обу замин ва зироату ҳайвонот эҳтиром доранд. Қадру қиммати одамонро ҳанӯз зиёда аз 1000 сол пеш дар касби онҳо аз рӯи касбашон ном мегирифтанд, ба монанди боғбон, қувозкаш, осиёбчӣ, усто, мӯзадӯз, оҳангар, мироб, дуторнавоз ва ин фалсафаи бузурги санъати менеҷментро дар худ доштанд ва мо онҳоро дар тарбияи насли оянда истифода намоем.
Агар ба хосиятҳои инкишофи иқтисодии Тоҷикистон дар солҳои 70-90-уми асри XX назар афканем, ҳодисаи мудҳишу бенизомии муносибат ба одам мушоҳида мешавад. Оқибати манфии онро мо зиёда аз 15 сол мушоҳида карда, ҳолати мазкур боз ҳам идома дорад.
Инкишофи бемайлони кимиёкунонӣ ва якказироатӣ дар Тоҷикистон ва ба нагирифтани имконоти табиии маҳалҳо, ба он оварда расонид, ки ҳосилдиҳӣ бозмонда, обҳо заҳролуд шуданду қисми зиёди мардум ба асабу дил ва саратон гирифтор шудаанд, ки ин хоҳ нохоҳ ба меҳнат таъсир бахшидааст. Барои мисол, солҳои 80-уми асри XX фақат заҳрхимикатҳо ба 1 гектар зиёда аз 54 кг ташкил медод, ки ин аз меъёр чанд маротиба зиёд буда, таъсирашон на фақат ба замину обу атмосфера, балки ба тамоми олами зинда, камаш боз то 30-40 сол боқӣ мемонад.
Заҳролудшавии обҳои зеризаминӣ, паст шудани ҳосилнокии заминҳо, ба касалиҳо гирифтор шудани замину растанию одамон натиҷаи ҳамон даврони шӯравӣ мебошанд.
Инкишофи яктарафаи технократӣ, химиякунонӣ, мелиоратсия ва
фақат бо мақсади иҷроиши нақшаҳои бемантиқ ва курсинишинони
моҳияти илму дониш ва меъёрҳои асосии шарқиро аз байн бурданд. Боз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё