Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Ҷомеаи инсонӣ имрӯзҳо кӯшиш бар он дорад, ки зиддиятҳои динӣ, меъёрҳои динӣ ва байнидиниро аз байн бардошта, концепсияи ягонаи ахлоқӣ, маънавӣ, инкишоф ва ташаккули шахсиятҳои замони нав новобаста ба назардошти дину оин барои ҳамаи инсонҳо якхела қабул намоянд.
Аз нигоҳи илми менеҷмент дин, махсусан, ислом дар таъсиррасонии ба одамон ва шахсият мавқеи хеле муҳим дорад ва истифодаи меъёрҳо ва қоидаҳои дар муносибатҳои инсонӣ ва роҳбарӣ аз фоида холӣ нестанд. Махсусан, роҳбаре, ки ба мардуми мусулмон сарварӣ менамояд, бояд хусусияти шахсият ва равандҳои асосии дини ислом, инчунин, талаботҳои онро ба ҷо овард, албатта, таъсираш ба кормандонаш якчанд маротиба хубтару самараноктар мегардад.
Дар аксари мамолики дунё китоби муқаддаси Қуръонро бо забони аслӣ тарҷума ва чоп карда, ҳамчун китоби муқаддас мехонанду эҳтиром карда мемонанд. Дар Тоҷикистон низ соли 1997 китоби муқаддаси Қуръон бо забони тоҷикӣ чоп шудааст, ки дастраси хонандагони зиёд гардидааст.
Хулоса баровардан мумкин аст, ки донишҳои мо ҳанӯз ба дараҷаи намерасад худ, ки дар ин китобҳои муқаддаси динӣ гуфта шудаанд, нарасидааст, чунончи зиддияти байни илму дин аз ҳолати мазкур дарак медиҳад. Агар илм ба дараҷаи волои худ бирасад, ин зиддиятҳо аз байн рафта, концепсияи ягонаи рафтори инсонӣ пайдо мешавад, ки аҳамияти хеле калон дорад. Таърих гувоҳ аст, ки олимон - файласуфони бузурги мардуми тоҷику форс, ки то имрӯз мо номи онҳоро ба некӣ ёд мекунему асарҳои безаволи онҳоро мутолиа мекунем, диндорони нерӯманди замони худ буданд, аз ҷумла, Абуабдуллои Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абдулқосими Фирдавсӣ, Абдулқодири Бедил, Хусрави Шерозӣ, Саъдии Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Умари Хайём, Закариёи Розӣ, Убайди Зоконӣ, Аҳмади Дониш, Камоли Хуҷандӣ, Ғаззолӣ ва ғ. Хулоса, тамоми бузургони тоҷику форс, ки дар таърихи менеҷмент, нив дамоумма мактаби бузурги рафтори инсонӣ шинохта мешаванд, шайхони бузург, диндорон буданд, ки аз илми ғайб хеле бохабар буданд.
Таърихи барпо намудани сотсиализм дар Тоҷикистон (солҳои 1918-1990)-и ҳодисаҳои мудҳишеро медонад, ки олимони бузург, донишмандон, китобдорҳо, диндорони бузургро бо китобҳояшон несту нобуд сохтанд, ки албатта неъматӣ...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё