Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Ғайр аз ин дар маданияти миллии баъзе давлатҳо махсусияти ҷаҳонбинии арзи вуҷуд дорад (Шветсария, Англия, Фаронса, Дания), ки имкони тағйир додани ҳолати муҳит зиёдтар буда, роҳи ҳалли он бузургтар аст ва онҳо донию ғайрат ва ҷаҳонбинии худро аз рӯи чунин раванд ҷорӣ менамоянд. Мамлакатҳое низ ҳастанд, ки роҳи универсализмро пеш гирифтаанд (Корея, Чин, Венесуэла, Ҳиндустон) ва қисми дигари мамолик сепаратизмро (ИМА, Олмон, Шветсия, Англия) ихтиёр намудаанд.
Мамолике ки роҳи универсализмро пеш гирифтаанд, ба қоидаю меъёрҳои умумӣ боварӣ дошта, онҳоро доимо риоя менамоянд.
Давлатҳое ки сепаратизмро пеша менамоянд, оид ба ин ё он ҳодиса роҳҳои хоса ва беҳтаринро фикр карда баромада, доимо дар ҷустуҷӯи навоварӣ мебошанд.
35.6. Маслиҳатҳои муфиди Конфутсий¹
❖ Беҳтарин ҷой онест, ки дар он ҷой инсонигарист. Одами бояқл наметавонад, ки чунин ҷойро интихоб накунад.
❖ Ба сӯи инсонигарӣ ҳаракат карда одам аз кори ношоям даст мекашад.
❖ Донишмандӣ ва боигарӣ чизҳое мебошанд, ки одамон баҳри ба даст овардани он кӯшиш менамоянд.
❖ Ба хатогиҳои одамон назар афканда, дараҷаи одамгарии эшонро муайян кардан мумкин аст.
❖ Барои ҷоятро наёфтан маъюс машав. Барои он нороҳат шав, ки инкишоф наёфтаӣ.
❖ Барои он ки туро касе намешиносад ғамгин машав. Барои он ғамгин шав, ки чаро машҳур нагаштӣ.
❖ Накӯкорон ҳеҷ гоҳ танҳо нестанд, онҳо албатта ҳамсоя доранд.
❖ Он чизеро, ки ба худ раво намедонӣ, ба дигарон низ раво набин.
¹ Конфуций. Уроки мудрости: Сочинения. — М.: Изд-во Эксмо, 2004.-958 с.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё