Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
дуруст (ҳақиқӣ).
Барои ин ахбордиҳанда ва ахборгиранда бояд худашон ҳақиқатҷӯй, ҳақиқатпараст бошанд. Аммо афсӯс, ки чашмамон худи моро кам-кам мебинад ва ақидаи мо нисбат ба худамон аксар маврид мусбӣ мебошад, маҳз шояд ҳақиқат дигархелтар бошад.
Бинобар ин менеҷменти ташкилот ӯҳдадор аст:
-
Баҳои беруна ва дохилаи ашхосе, ки ин муамморо ба миён овардаанд, иҷро тавонад.
-
Фаҳмиши гурӯҳӣ ё фардии шахсон ва атрофиёни онҳо, ки ин муноқишаро сар кардаанд, омӯзад.
-
Муносибати дигари аъзоёни коллектив ба ин масъала ва шахсони дигар созад.
Робитаи мутақобил дар асоси система, ё худ занҷири сарбастаи «одамон + масоил + муносибат» бояд вуҷуд дошта бошад. Дар натиҷаи омӯзиши чунин амиқ чунин мафҳумҳо менеҷменти ташкилот метавонад ба маънои аслии муноқиша сарфаҳм равад ва роҳи ҳалли дурусти онро ёбад.
Барои омӯзиши ҳаматарафаи пайдоиши муноқиша системаи комплексӣ, алоқаи баръаксро ҷорӣ намудан лозим мебошад. Мо бояд аниқ намоем, ки чӣ ҳолатҳо то чӣ андоза ба менеҷменти ташкилот дигаргун, ё худ ғайримуқаррарӣ пешниҳод мешаванд.
Аслан панҷ омилҳои зерин ба дурустии ахбор таъсир мерасонанд:
-
Малакаи дониш, хоҳиш ва мақсади шахсе, ки нисбати ҳолат маълумот медиҳад.
-
Маданияти ташкилии корхона, яъне то чӣ андоза коркарди дурусти хабарҳо ба роҳ монда шудааст ва чӣ хел назорат карда мешавад.
-
Меъёрҳо, модел, система ва мақсадҳо.
-
Ҳолати тартиб додани ахбор ва дарки масоил.
-
Усул, тарз, ҷараён ва вақти пешниҳоди маълумот ё худ алоқаи баръакс.
Бояд қайд кард, ки зинаҳои бисёри бюрократии идоракунӣ роҳи робитаи мутақобилро баста, ахбори дурусту саривақтиро ба роҳбарият расонда наметавонад. Дар натиҷа масоили зиёде ҷамъ шуда, барои ташкилот хавфҳои хатарнокро пайдо месозанд, ки роҳбарияти ташкилот аз ин бехабар мемонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ