Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Функсияи коммуникативии муноқиша дар он зоҳир мегардад, ки тарафҳо мехоҳанд оид ба рақибони худ, захираҳо ва натиҷаи кори тарафҳои мухолиф ахбор, доду гирифт ва муомилаи хуб вуҷуд дошта бошад. Майдони ахбороти худро васеъ карда тарафҳо хомӯш шуда, қаноатманд мешаванд ва ҳақиқатро дарк карда, боварӣ ҳосил мекунанду фаъолияти пурсамарро давом медиҳанд.
-
Функсияи интегративӣ ё худ тағйиротии муноқиша. Аллакай дар ин функсия тарафҳо гурӯҳҳои алоҳида буда, талабҳои қатъии худро барои тағйироти сохторӣ, кадрӣ ва ташкилот пешниҳод менамоянд. Дар ин ҷо албатта идоракунӣ каме мушкилтар буда, ислоҳотро талаб менамояд. Мақсади асосӣ ташкил намудани шароити хуби корӣ барои ҳамаи аъзоёни коллектив, аз байн бардоштани нобаробарӣ ва беадолатӣ дар фаъолияти менеҷменти ташкилот, таъмини инкишоф ва баландбардории ихтисоси ҳар як корманд ва коллективи бригада, сех ва шӯъбаро тақозо мекунад.
-
Функсияи навоварӣ — дар натиҷаи муборизаи дутарафаи муноқишагарон тағйироти куллие ба вуҷуд меояд, ки ҳарду тарафро қаноатманд намуда, дар ташкилот муносибатҳои тамоман навро ба миён меорад. Агар муноқиша асоси иҷтимоӣ, рӯҳӣ ва иқтисодӣ дошта бошад, ҳалли мусбии вай метавонад муҳити навро пайдо созад. Дар ҳақиқат агар менеҷменти ташкилот, аз иҷрои масъалаҳои муноқиша барояд, он гоҳ боварӣ ва обрӯи вай дар назди коллектив баланд шуда, муттаҳидии коллектив мустаҳкам мегардад. Барои ҳалли муноқиша дар баъзе ҳолатҳо тадқиқотҳои илмӣ гузаронида, дар он омилҳо ва ҳолатҳои воқеӣ таҳлил карда, натиҷаҳои хуб ба даст меоранд, ки барои кори ташкилот навоварӣ буда, фоидаи зиёде низ гирифта мешавад, яъне система ва моделҳо сохта, вариантҳои гуногун таҳлил ва дар натиҷа варианти оптималӣ интихоб карда мешавад.
Менеҷер вобаста аз вазифаи худ дар маркази муноқишаи ташкилот қарор дорад ва ӯро зарур аст муноқишаро бо тамоми воситаҳое, ки дар ихтиёр дорад, идора ва ҳал намояд. Барои ин менеҷер бояд тарзи назорат ва ҳолати муноқишаро хуб омӯхта, тарзу усули роҳбариеро истифода намояд, ки ба ҳамон ҳолату вақт мувофиқат мекунад.
Ба усули асосии санъати идоракунии муноқиша усули сохторӣ ва байнишахсӣ дохил мешаванд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо