Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Усули сохторӣ — вобаста аз вазифаи хеш менеҷер, ё худ роҳбар бо
усулҳои зерин муноқишаро идора ва ҳал менамояд:
бо роҳи фармон, супориш, қарор;
тақсими воситаҳо ва захираҳо;
дигаргун кардани сохтори ташкилии бригадаҳо, сеҳҳо, шӯъбаҳо;
маблағгузории иловагӣ;
усули мустаҳкамкунии тарафҳо;
сохтани шӯъбаҳои нави хизматрасонӣ;
гузаронидани маҷлисҳо, ҷамъомадҳои якҷоя;
истифодаи координатсияи қувваҳо;
вазифа, ё худ штати иловагӣ додан;
аз вазифа озод, ё худ штатро кам кардан.

Усули байни шахсиятҳо — низ вобаста аз ҳолатҳо чунин амалӣ мегардад:
ба инобат нагирифтани муноқиша;
ором кардани тарафҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ;
маҷбурсозӣ, бе назардошти манфиати тарафҳо.
ризо шудан ба талаботҳои тарафҳо;
вақти иловагӣ додан;
якҷоя бо иштироки тарафҳо ҳалли оптималӣ ёфтан;
ҷаво додани тарафҳои гунаҳкор ва шахсони мансабдори менеҷмент.

Интихоби модел ва усули ҳалли муноқиша аксар маврид аз он иборат аст, ки ба тарафҳо мӯҳлат дода шавад. Бо гузаштани вақт тарафҳо ором шуда, аз муноқиша даст мекашанд, яъне варианти аввал ин мӯҳлат додан ва ба даст овардани ризогии тарафҳо мебошад.

Усули истифодаи қувва, албатта, ҳалли тези муноқиша мебошад, аммо барои оянда боз сар назадани муноқиша кафолат дода наметавонад.

Таҳлили моделҳои гуногуни муноқишаҳо нишон медиҳанд, ки барои сар назадани муноқиша усул, тарз ва қоидаҳои аниқи кори роҳбарӣ шарти зарурӣ мебошанд.

Барои он ки муноқиша рух надиҳад, роҳбарон бояд то ҷузъиёти хурд вазифа ва функсияи ҳар як фарди ташкилотро пурра ва аниқ муайян карда, шароити хуби корӣ, тарз ва қоидаҳои низомии баландро ҷорӣ намоянд.

пешина
аз 522
навбатӣ