Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Дар ҳолате ки дар ташкилот ҳар як корманд вазифа ва функцияи худро софдилона иҷро мекунад ва доимо банд мебошанд, муноқишаҳо то ҳадди ақал кам шуда низоми кори ҳукмфармо мегардад.
Аз тарафи дигар, барои он ки муноқиша рух надиҳад, роҳбар бояд оид ба ҳар як корманди хеш ахбори пурра дошта, ҳолати иҷтимоӣ, психологӣ, кордонӣ ва иқтисодии онҳоро хуб донад ва тарзу усули роҳбарии хешро оид ба ҳар яке аз онҳо истифода карда тавонад, яъне чӣ тарз роҳбарӣ кардани коллектив ва ҳар як аъзои онро донад.
Роҳбаре, ки ҳамчун пешвои асил худро нишон медиҳад ва дар ҳалли масъалаҳою муноқишаҳо хирадмандӣ нишон медиҳад, соҳиби эҳтирому иззат гашта, ӯро дӯст медоранд ва зери роҳбарии ӯ кору фаъолият менамоянд. Бояд қайд кард, ки тарзу усули роҳбарӣ низ вобаста ба давру замон кӯҳна шуда, қобилияту мавқеи худро оҳиста-оҳиста аз даст медиҳад. Бинобар ин, роҳбаронро зарур аст, ки доимо аз технология ва усулҳои замонавӣ самаранок истифода карда, дараҷаи донишу малакаи касбии худро бемайлон инкишоф диҳад.
Роҳбари самаранок ҳамон роҳбаре мебошад, ки ба талаботи замона ҷавобгӯ буда, аз талаботҳои воқеӣ қафо намемонад.
Паҳлӯҳои роҳбарӣ бояд аз ду қисм иборат бошанд:
- Асосӣ — ки новобаста ба ҳолатҳо ва давру замон дигаргун нашуда, боқӣ мемонад, яъне роҳбар дар кадом вазифае, ки набошад, бояд пеш аз ҳама инсондӯстӣ, хоксорӣ, бонизомӣ ва ҳурмату эҳтироми худ ва дигаронро бидонад ва доимо худро идора карда тавонад.
- Тағйирёбанда — ки рафторҳо вобаста ба ҳолатҳо, давру замон ва зинаҳои вазифадорӣ инкишоф меёбанд.
Дар шароити имрӯзаи инкишофи иқтисодӣ, ҷаҳонишавии иқтисодиёт аллакай ба аксари роҳбарони ташкилотҳо зарур аст, ки бо сарварони ташкилотҳои хориҷӣ ҳамкорӣ ва доду гирифти молию пулӣ дошта бошанд, ки ин дар замони Шӯравӣ барои ташкилотҳои Тоҷикистон ғайриимкон буд. Бинобар ин, роҳбарони ташкилотҳо имрӯз бояд ба ғайр аз забони модарии хеш боз 2-3 забони хориҷиро низ донанд. Аз тарафи дигар маълум аст, ки дар аксари давлатҳои хориҷӣ барномаҳои махсуси компютерӣ амал мекунад ва тамоми

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо