Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
-
Фикрронии илмӣ — ин ба шахсони алоҳида хос буда, ҳақиқати ҳолро аз ҷиҳати илмӣ асоснок карда зикр менамоянд ва ба дигарон гуфта мегуваранд. Хусусияти фарқкунанди ин намуди фикрронӣ дар он аст, ки вай доимо бо пайдоиши донишҳои нав равона карда шудааст. Ин намуди фикрронӣ дар таърихи инкишофи ҷамъиятӣ мақоми арзанда дошта, доимо нақши танзимгарии рафтори одамонро бозида, арзишу қиммати худро муддатҳои дароз гум намекунад.
-
Фикрронии абстрактӣ — ин шакли фикрронӣ ду хел натиҷа медиҳад: исботи ҳақиқати оянда, ё ботил будани онро, яъне фаҳмиши мантиқии одамони алоҳида метавонад, ки натиҷаи амалии хуб диҳад ва ё умуман амалӣ нагардад. Чунончӣ, дар солҳои Шӯравӣ одамон солҳои дароз мақсади «Сохтмони Коммунизм»-ро доштанд, ки ин танҳо фикри абстрактӣ буд ва амалӣ нагашт.
-
Фикрронии касбӣ — ин албатта фикри назариявии шахсон — устодони касб мебошад, ки аллакай зинаи муайяни донишҳои назариявӣ ва таҷрибавии касбиро дорост.
36.5. Бодиққатӣ ва иродаи мустаҳками кормандон
Моҳияти махсуси диққат ҳамчун муносибати байни одамон дар менеҷмент солҳои охир баҳсҳои зиёдеро ба миён овардааст. Гурӯҳи олимони хориҷӣ бодиққатиро ба системаи равоншиносӣ дохил накарда, ҳамчун фаъолнокии шуур ҳисоб менамоянд, гарчанде чунин ақида аз тарафи равоншиносони амрикоӣ зери танқид гирифта шудааст.
Аз нигоҳи мо фикрронии инсоне, ки камолоти зеҳнӣ дорад аз шахси оддӣ бо хулосабарориҳои худ куллӣ фарқ мекунад, яъне вобаста аз ҳолатҳои гуногун ба рафтори одамон диққат дода, рафторашро дигар менамояд.
Бинобар ин, фикр дар шакли олии худ шакли шуурнокии предметнии инсонҳо мебошад. Баъзе олимон фикрро бо ирода тавъам менамоянд, ки гӯё шахси иродаи мустаҳкамдошта дорои зеҳни тез ҳам мебошад, аммо фикр бо таъсири ҳиссиёт, таҷриба ва муҳит инкишоф ёфта, як мафҳуми мураккаби абстрактӣ ва ҷудогона аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо