Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Бинобар ин, гуфтан мумкин аст, ки диққат — ин марказонидан ва равони сохтани шуури одам ба объекти аниқ буда, дар натиҷа инъикоси аниқи ҳодисаро таъмин месозад.

Бодиққатиро ҳамчун ҷараёни психофизиологӣ метавонем, ҳолате арзёбӣ намоем, ки фаъолияти фаҳмишро дар як марҳила муайян месозад.

Диққат — ин ҷараёни фаъолияти бошууронаи ҷамъоварии ахбор мебошад, ки бо воситаи органҳои ҳиссӣ сурат мегирад.

Зеҳнро аз рӯи устуворӣ, диққатҷалбкунӣ, мувофиқшавӣ ва тақсимоту мубодила муайян кардан мумкин аст.

Устувории диққат — қобилияти дар вақти муайян доир ба объект истодагарӣ намудан ва ба чизи дигар равона насохтанро мемонанд.

Яке аз сабабҳои устувории диққат ин қобилияти физиологии шахс мебошад, ки соатҳои дароз метавонад истодагарӣ ва тоқату сабр намояд, яъне устувории психологии шахс устувории диққат аст.

Дуюм, мавҷуд будани ҳавасмандӣ ва дигар ҳолатҳои муҳити беруна, ки хоҳиши шахсро пайдо месозад. Аз дигар тараф диққати устувор доштани шахс, ин шакли инкишофи шуури предметӣ он мебошад.

Бодиққатии марказонидашуда диққатро ба як объект равона карда онро аз дигарон ҷудо намудан аст. Онро баъзе ҳолатҳо диққатнокии интенсивӣ низ мегӯянд, яъне диққатро бо тамоми қувва бо мақсади фаҳмида гирифтани объект равона сохтан мебошад.

Тақсимоти диққат — ин маънои онро дорад, ки одамон дорои чунин қобилият буда, якбора чанд корро иҷро мекунанд. Ин вазифа низ аз дараҷаи инкишофи психологӣ ва физиологии ҳар як шахс вобаста мебошад. Андозаи тақсимоти диққат ба дараҷа, ҳаҷм ва мураккабии кору фаъолият, ё худ объекти диққатҷалбкунанда вобаста мебошад.

Ҳаҷми диққатнокӣ ин миқдори ахборе мебошад, ки ҳар як шахс якбора дар доираи хотирот нигоҳ дошта метавонад.

Шаклҳои диққатнокӣ:

  • борик ва васеъ;
  • хуб ва бад;
  • тез ва суст;
пешина
аз 522
навбатӣ