Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
марказонидашуда ва ғайримарказонида;
босубот ва бесубот.
Диққатнокӣ дар ҳаёти одамон мақоми хоса дорад ва барои дарки ахбори ҳолима фаъол буда, ба ахбори нолозима диққат намедиҳад, яъне ҷараёнҳои психологӣ ва физиологие мебошад, ки мақсаднокӣ ва ташкили фаъолияти одамонро муайян месозад. Аз рӯи гуфтаи боло диққатнокиро ҳамчун:
а) қобилияти модарзодӣ ва табиии одамон, б) қобилияти иҷтимоии одамон, в) қобилияти ҳиссӣ ва зеҳнии одамон номидан мумкин мебошад.
а) қобилияти модарзодӣ ва табиии одамон дар шакли интихоб ва ҷудо карда гирифтани унсурҳои асосии ахбор, яъне мавҷуд будани ҳавасмандии дохила ва берунаи одамон, ки дорои табиати гуногун мебошад, ки аён мешавад, рефлекс ҳам меноманд.
б) хусусияти иҷтимоии бодиққатӣ — ин дар натиҷаи зиндагӣ бо роҳи омӯзиш ва тарбия, ки ба эҳсосоти рафтори одамон вобаста аст, ташаккул меёбад.
в) бодиққатии ҳиссиётӣ ва зеҳнӣ вобаста ба дараҷаи инкишофи физиологии органҳо ва ҳиссиёти одамон, ки шаклҳои гуногуни фикрронӣ дорад, инкишоф меёбад.
Диққат ба ҳавасмандӣ ва объект вобастагӣ дорад. Ҳар қадар ки объект мураккаб ва дорои навоварӣ бошад, ҳамон қадар диққатҷалбкунанда мегардад, яъне дар талаботи одам ҳавасмандӣ ва натиҷагириро метезонад.
Аз гуфтаҳои боло хулоса баровардан мумкин аст, ки менеҷменте, ки доимо тибқи раванди навоварӣ ва ихтироот кору фаъолият дошта, диққатҷалбкуниро зиёд менамояд ва дар натиҷа ҳосилнокии меҳнати кормандон низ баланд мегардад ва яке аз мақсадҳои асосии санъати менеҷмент мебошад.
Маҳз ҳавасмандӣ асоси мотиватсионии ҳиссӣ ва зеҳнӣ дар раванди бодиққатии кормандон мақоми хоса дорад. Аз ин нуқтаи назар диққатро ҳамчун раванди фаъолияти психологии одамон доир ба интихоб метавон арзёбӣ кард.
Дараҷаи ҳавасмандии одамон ва раванди диққат ба инкишофи шуурнокӣ низ таъсири мусбӣ дорад.
Бо назардошти он ки бодиққатӣ алоқамандии шуурнокӣ ва ҳолати рӯҳии одамонро, ки ба объект, ё худ предмет равона шудааст, инъикос менамояд, онро ҳамчун қисми таркибии фаъолияти одамон низ баҳо додан мумкин аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо