Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Одамон вобаста аз шаклу тарзи фаъолияташон ба ҳамон объект диққати махсус медиҳанд, ки дар фаъолияти касбиашон зарур мебошад ва натиҷаи диққат аллакай натиҷаи фаъолият мегардад.

Барои хотираи одамон бодиққатӣ ҳамчун омили нигоҳдории ахбори зарурӣ дар хотироти очилӣ ва корӣ мебошад.

Барои фикрронӣ диққат ҳамчун омили зарурӣ дарки дурусти масъала ва ҳалли масоил баромад менамояд.

Барои системаи муносибатҳои байни одамон диққат ҳамчун омили якдигарфаҳмӣ, бо якдигар унс гирифтан, пешгирӣ кардани ҳар гуна муноқишаю нофаҳмиҳо ва ғайра баромад менамояд.

Аксари олимон оид ба ирода тадқиқот бурда, доимо диққатро ба мавзуи ки он равона месозанд. Сабаб ва мақсади асосии ирода аз ин раванд каме дуртар мемонад. Бояд қайд кард, ки дар ин маврид низ ду шакли иродаро мушоҳида кардан мумкин аст:

  1. Иродаи табиию фардӣ.

  2. Иродаи ҷамъиятӣ.

Албатта, сабаби пайдоиши иродаи ҷамъиятӣ бевосита ба шаклу усули фаъолият, мавқеъ ва вазифаи ҳар як шахс вобастагии калон дорад. Иродаи мустаҳкам доштан дар ҳолати дуюм на танҳо манфиатҳои шахсии фард, балки манфиати гурӯҳи одамонро ҳимоя мекунад, ки ин маҳз яке аз талаботи асосии санъату рафтори роҳбарӣ мебошад.

Иродаи фардӣ дар талаботи худи одамон реша дорад ва шояд дар баъзе ҳолатҳо он қадар равшан зоҳир нашавад, ё худ зарурати зоҳир гаштани он набошад, ё ки мувофиқи хоҳиш пайдо ва ноаён гардад. Вале доштани иродаи қавии ҷамъиятӣ барои ҳар як корманд, роҳбар ва фард ҳамчун ӯҳдадорӣ зарур мебошад.

Ирода дар шахсон ҳамон вақт пайдо мегардад, ки онҳо аллакай хоҳиши
баланди ин ё он фаъолиятро пайдо карда бошанд. Барои ин ҳар як фард бояд
доир ба фаъолият ё касби худ тасаввуроти хуб пайдо намояд ва худро ҳамчун
субъекти фаъолият шиносад. Аз дигар тараф пайдоиши иродаи қавӣ дар инсон
дар баробари ташаккули он ҳамчун шахсият пайдо мегардад. Шахсият дар
рафтори худ мақсад ва вазифагузории муайянеро дорад. Ҳар қадар мақсадҳо

пешина
аз 522
навбатӣ