Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

мураккаб ва моҳияти калонро касб намоянд, барои расидан ба он ҳамон қадар иродаи мустаҳкам зарур буда, ҳолати баланди хоҳиши иҷрои он ба назар мерасад. Мақсади асосии аксари одамон омили истеъмолӣ дорад. Талаботҳои иҷтимоӣ ва зеҳнӣ ҳамон вақт пайдо мегарданд, ки як давраи муайнеро тай карда, аз рӯи зинаҳои талаботи А.Маслоу ба зинаи 3-юм қадам мегузоранд.

Агар одамони зинаҳои пасти инкишоф оид ба ин ё он ҳодисаи иҷтимоӣ бераҳм шаванд, ин ӯҳдадорӣ не, балки дилсӯзӣ буда, яъне худи шахс хоҳиши корро менамояд.

Ирода инчунин аз хоҳиш ё ҳавасмандии одамон ба он ҳодиса ва предмете, ки онҳо бо он робита ё худ фаъолият доранд, вобаста мебошад. Аз дигар тараф вобаста ба ҳолатҳои гуногун одамон боз дорои рафторҳои бошӯурона ва бешӯурона мебошанд, ки дар шаклу ҳолатҳои номаълум пайдо мегарданд.

Иродаи қавӣ дар шахсоне дида мешаванд, ки системаи боқуввати худдоракунии дохила ва берунаро дар худ ташаккул медиҳанд, яъне инсонҳо бояд рӯҳан ва ҷисман тавоно бошанд, то аз иҷрои мақсадҳо ва вазифаҳои бузурги худ сарбаландона баромада тавонанд.

Аслан иродаи қавӣ дар чунин рафторҳои бошӯуронаи одамон муайян мегарданд.

а) ҳаракатҳо; б) рафтор; в) фаъолият;
г) кирдори нек; д) дастгирӣ; е) қабули қарор.

Маълум мегардад, ки иродаи боқувват танҳо ба шахсоне хос мебошад, ки дорои шуурнокии қавӣ мебошанд. Ҳаракатҳои инсонӣ, ки ифодагари иродаи онҳо мебошад, оддӣ ё мураккаб буда, чун кори шуур – фаҳмиши моҳият ва мақсади фаъолият мебошад.

Омили асосии батанзимдароварандаи ирода — ин ҷараён ва мазмуни ҳаракат мебошад. Аниқ муайян кардани мантиқу мазмуни ҳаракат ҳолати ҷосотиро паст карда, иродаи қавиро талаб менамояд. Сохтори ҳаракатҳои иродавиро ба 3 зина ҷудо мекунанд:

  1. Мақсадгузории ҳаракат.
  2. Банақшагирии пешакии иҷроиши мақсад.
  3. Иҷроиши мақсад.
пешина
аз 522
навбатӣ