Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Иҷрои бомуваффақияти мақсад аз кори самараноки шуур ва унсурҳои он иборат мебошад.

Мазмуни асосии зинаи якум ба инкишофи хислатҳои иродавӣ вобастагии бевосита дошта, ҳамчун унсури бавуҷудоварандаи мақсад хизмат менамояд. Ин ду унсур якдигарро ҳамеша пурра карда меистанд.

Ҳаракатҳои махсуси одамон аз он иборат аст, ки онҳо доимо иродавианд, яъне доимо бошуурона, мақсаднок ва идорашаванда мебошанд. Аммо дар ҳаракатҳои одамон ҳолатҳоеро низ мушоҳида намудан мумкин аст, ки беандеша, мақсадгузорӣ намуда, дараҷаи пасти шуурнокии худро нишон медиҳанд.

Инсони боақл — боандеша, пеш аз он ки ин ё он ҳаракатро иҷро намояд, дар назди худаш бояд ҳисобот диҳад, ки ин ҳаракати ӯ ба чӣ оварда мерасонад, сабаб ва мақсад аз чӣ иборат аст, кадом қувваҳо метавонанд ба ӯ таъсир расонанд. Яъне инсон ҳаракатҳоро аввал бояд дар ботини худ ба таҳлил дароварда, дар тарозуи ақл баркашида, баъдан хулоса барорад ва рафтор намояд. Дар ҳолати ба муноқиша оварда расондани ҳаракатҳо, иродаи қавӣ тоза ва натиҷаи мусбӣ надода, ба қувваи баръакси оштинопазир мубаддал мегардад, ки дар натиҷа ба худи шахс зарар мерасонад. Ҳамин тариқ, рафтори иродавӣ, ҳангоми дар интихоб, баҳодиҳӣ, фикрронӣ ва дигар ҳаракатҳо зоҳир мегардад, вобаста аз он шароити аниқ ва ҳолатҳо метавонанд дар шаклҳои гуногун амалӣ бигарданд ва ё умуман амалӣ нагарданд. Бинобар ин, мо бояд, ҳолати интихобии иродаи хешро доимо дар худ тарбия сохта, дар лаҳзаҳои зарурӣ аз тактика ва стратегияи пешина даст кашида, роҳи дигарро пеш гирем, то ки мақсади гузоштаро амалӣ гардонем. Доимо ҳолатро баҳо дода тавонем ва стратегияи нави воқеиро қабул карда тавонем.

Вақте ки қарор қабул менамоед, медонед, ки рафти ҷараёни иҷрои он аз худи Шумо вобастагӣ дорад. Чунон ки дар илми менеҷмент қайд карда мешавад, қарор ҳар қадар қатъӣ набошад, агар механизми иҷро ва амалигардонии он таъмин нагардад, ин сухане беш нест, ки дар қоғаз, ё худ хотираи мо мемонад.

Қабули қарор қоидаҳои худро дорад, ки пеш аз ҳама иҷрошавандагии он
мебошад. Баъди қабули қарор давраи дуюм, иҷрои он пеш меояд, ки татбиқи он
аст ва давраи сеюм таҳлили натиҷагирии он мебошад. Ҳаракатҳои иродавӣ

пешина
аз 522
навбатӣ