Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Акнун роҳбарон маҷбур мебошанд, ки дар муҳлати хеле маҳдуд кору фаъолият намоянд. Чунин як маҳдудиятро дар назар дошта аз нигоҳи мантиқӣ фикр карда, роҳҳои дурусти шомил шудан ба дастовардҳоро ҷустуҷӯ кардан дур аст.

Имрӯзҳо аксари ташкилотҳо дар шароити маҳдудияти молиявӣ ва захиравӣ кору фаъолият доранд, ки ин ба лоиҳаҳо низ таъсири худро доранд.

Лоиҳаи нав талаботи захиравии худро дорад, бинобар ин, пешакӣ оид ба маҳдудияти захираҳо бояд андеша намуд. Агар Шумо лоиҳаро бо маблағи кам, бо худ истифодаи захираи кам амалӣ гардонед, метавонед тағйирот ворид созед, ба тарна мақсади лоиҳаро дигаргун созед, ё ҳаҷмашро хурдтар намоед.

Ҳангоми пайдо гаштани чунин маҳдудиятҳо, онро пурра ва рӯирост ба иҷрокунандагони лоиҳа фаҳмонед. Худатон боз варақи тоза гирифта «Аз нав хат ба ҳарфи калон оид ба ақидаҳои нав фикр кунед».

Баъди ба маҳдудиятҳо баҳо додан ба коркарди пурраи нақша гузаред.
Номгӯи корҳоеро, ки барои ба мақсад расидан зарур мебошанд пурра нависед ва онҳоро гурӯҳбандӣ намуда, ҳаҷм, муҳлат ва иҷрокунандаҳоро муайян созед.

Агар корҳоро аз рӯи лоиҳаҳо ба элементҳо ҷудо намоем, алоқамандӣ, ё такрор шудан ва муҳлати иҷроиши онҳо тез маълум мегардад. Бинобар ин, корҳоро ба гурӯҳҳо ҷудо менамоем ва пайдарпайии иҷроиши онҳоро муайян месозем.

Бо кормандон иҷроиши корҳоро бояд бо муҳокима шурӯъ намоем, яъне оиди тарзу усул ва вақти иҷроиши ҳар як кор фикри ҳар як аъзои дастаро гирифта, қисмҳои заруриро ҷудо карда мегиред. Инчунин шояд шахсоне пайдо шаванд, ки бо ин лоиҳаҳо кор кардаанд ва рӯйхати корҳои воқеӣ ва муҳлати иҷрошонро низ медонанд. Аз навиштаҷотҳои онҳо низ истифода бурдан мумкин аст ва ин ҳама бояд ба гурӯҳҳо ҷудо карда шавад ва қадам ба қадам баррасии он муайян шавад. Он гоҳ Шумо аз маслаҳатҳои мутахассисон истифода бурда, корро бо ҷалби аъзоёни даста шурӯъ кунед. Ба ҳар як аъзои даста ӯҳдадориҳо ва вазифашонро тақсим карда диҳед. Баъди саршавии кор боз як бори дигар рӯйхати корҳо ва гурӯҳҳо аз назар гузаронед, то ин ки чизеро фаромӯш карда бошед, чунки дар давраи аввал агар чизеро фаромӯш намоед, ислоҳ намудани он дар давоми кор хеле мушкил мебошад.

пешина
аз 522
навбатӣ