Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Бояд қайд кард, ки адолатпарастӣ ва ростӣ ба дараҷаи фаҳмиш ва инкишофи шахсиятҳо вобаста мебошанд. Дурустӣ ва ё нодурустии рафтор, ё худ ҳақиқат ва ё дурӯғ будани онҳоро шуунокӣ ва фаҳмиши одамон муайян месозад. Аксар маврид дар коллектив инвогаре пайдо мешавад, ки дидаю дониста аз паст будани дараҷаи донишу фаҳмиш ва паст будани таъминоти ахбори ташкилот истифода бурда, овозаи дурӯғро паҳн карда, одамонро ба норизогӣ равона месозад.

Барои рӯй надодани чунин ҳодисаҳо санъати менеҷмент таъкид месозад, ки доимо менеҷер-пешво «Ҳолати самаранокии мукофотро» ҳаматарафа санҷида, дар гурӯҳ оид ба нишондиҳандаҳо ва омилҳое, ки барои мукофотдиҳӣ асос мешаванд, муҳокима карда, дар шакли баҳогузорӣ ё худ холгузорӣ, дар маҷлис тасдиқ намоед. Баъди ин бояд комиссияи махсус ташкил карда, мукофотҳоро муайян сохта, номзадҳоро тариқи овоздиҳии пинҳонӣ ё овоз муайян кунанд.

Бояд қайд кард, ки ҳаёт ҳар замон пур аз мӯъҷиза ва ҳолатҳою рафторҳои гуногун мебошад. Инсоният бояд бар ивази ҳар як рафтори худ мукофоту ҷазоро саривақт бигирад, то ки рӯзи дигар ва ё ҳолати дигар хатое содир накунад ва хубтару ҳавасмандтар меҳнат намояд.

Бинобар ин, яке аз моҳияти охири мукофот ин вақти гирифтани он мебошад, ки аксари олимон онро ба ду хусусият ташбеҳ медиҳанд.

  1. Давоми вақти иҷрои кор ва мукофот.

  2. Хусусияти хос ва сабаби мукофот.

Дар ҳолати якум гуфтан мумкин аст, ки ҳар қадар мукофот барвақт дода шавад, ҳамон қадар самаранокиаш баландтар аст, оҳиста-оҳиста вобаста ба гузаштани вақт 10-20-30 рӯз ва зиёд аллакай самаранокиаш 50% ва ҳатто 100% паст мешавад ва шояд барои додани мукофот дигар зарурат намонад. Ҳолати дуюм, ки мукофот бояд мазмуни худро дошта, прогрессивӣ ва афзоянда бошад, то ки қазоватмандии одамон зиёд гардад. Як миқдори мол ё пул самаранокиро доимо таъмин карда наметавонад. Роҳбар ин хусусиятро бояд омӯхта шаклҳои самаранокии мукофотро муайян созад. Дар ёд дошта бошед, ки ояндаи роҳбарии Шумо ва ташкилот бевосита аз қадрдонии дурусти меҳнати кормандон вобаста мебошад.

пешина
аз 522
навбатӣ