Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
37.3. Моҳияти фикрронии стратегӣ дар санъати
менеҷмент
Стратегия ин эъломия ва тарроҳии фаъолияти мо тибқи хоҳишу мақсадҳо буда, нақшаҳои ояндаи дарозмуддатро муайян месозад. Инчунин, кулли донишҳоеро дар бар мегирад, ки оид ба ин ҷараён ва фаҳмиши ҳолатҳо, барои оянда кӯмак мерасонанд.
Очеркҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки асрҳои XVIII-XIX стратегияро ҳамчун санъати банақшагирӣ ва равандҳои асосии муҳорибаҳои ҷангӣ меномиданд.
Стратегияи ташкилот бошад, ин қарорҳои рафтории менеҷмент мебошанд, ки барои ҳалли мақсадҳои дарозмуддати ташкилот равона карда шудаанд.
Дар сурати мавҷуд набудани стратегияи муайяни дарозмуддат дар ташкилот қарорҳое, ки ҳар рӯз қабул карда мешаванд, метавонанд ба ояндаи ташкилот зарар расонанд. Ғайр аз ин стратегияи аниқ кормандонро барои ба даст даровардани мақсадҳои умумии ташкилот ҳавасманд ва фаъол мегардонад.
Коркарди нақшаҳои стратегии ташкилот як қатор талабот ва хусусиятҳои хоси худро доранд:
-
Нақшаи стратегиро звенои болоии роҳбарӣ тартиб медиҳад.
-
Нақшаи стратегӣ усулҳои оптималии роҳбарӣ ва сохтории ташкилотро муайян месозад.
-
Нақшаи стратегӣ муайян месозад, ки кадом маҳсулот ва хизматрасонӣ, дар кадом бозори ташкилот дар оянда зарур мебошад.
-
Самаранокии нақшаи стратегӣ аз рӯи натиҷаи муайяни молиявӣ баҳо дода мешавад.
-
Нақшаи стратегӣ аслан барои муайян кардани муносибатҳои ҳамкориҳои ташкилот ба дигар ташкилот таҳия мешавад.
Дар муҳити соҳибкорӣ ва олами бозории асри электронӣ, ки суръати
ҳаракати бизнес даҳҳо маротиба зиёд гаштааст, мӯҳлати фикрронии стратегӣ
хеле кам, яъне на бештар аз 3 ва ё 5 сол муайян шудааст. Вале аксарият дар
асоси лоиҳаҳои мақсадноки яксола ва дусола фаъолият мекунанд, ки мо дар

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо